Ҳушдори обуҳавошиносон аз камобӣ дар Тоҷикистон
Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо зикри обшавии пиряхоҳо аз хатари сар задани камобӣ дар кишвар ҳушдор медиҳад.
Маҳмад Сафаров, раиси Муассисаи обуҳавошиносӣ зимни як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, тайи 70 соли ахир ҳаҷми пиряхҳои Тоҷикистон аз 25 то 30% кам шудаанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ қариб 90% -и обҳои кишвар аз пиряхҳо сарчашма мегиранд.
Сафаров таъкид кард, ки агар ин раванд ва гармшавии ҳаво идома ёбад, тибқи пешбиниҳояшон баъди соли 2050-ум Тоҷикистонро камобӣ фаро мегирад: “Аз ҳама хатаровараш он аст, ки ҳаҷми пиряхҳои ҳамсоякишвар- Афғонистон 75% коҳиш ёфтаанд, ки ин ба кишвари мо бетаъсир нахоҳад буд”.
Сафаров афзуд, ки ҳоло ҳазорҳо пирях дар Тоҷикистон танҳо дар харита мавҷуданду халос.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |