Бахшҳо

Вазири хориҷаи Ҷопон: “Тоҷикистон ба сӯи шукуфоӣ қадам мениҳад”

Фумио КИШИДА,
вазири умури хориҷии Ҷопон


Осиёи Марказӣ дар тамоми олам бо хатҳои бурриши Роҳи Абрешим дар тули зиёда аз 2000 сол ҳамчун чорроҳаи Авруосиё хизмат мекард ва дар он гардиши мардум, мол ва фарҳанг пиёда мегашт. Тамаддун ва фарҳангҳои кулли дунё тавассути Осиёи Марказӣ ба шарқ, ғарб, ҷануб ва шимол паҳн мегаштанд. Байни Осиёи Марказӣ ва Ҷопон масофаи бузург ҷойгир аст, вале аз қадимулайём моро решаҳои таърихӣ мепайванданд.

Махзани Шёсоин, ки дар он ганҷи оилаи императорӣ воқеъ аст, аз қарни 8-и милодӣ дар Нара, пойтахти бостонии Ҷопон, мавҷуд буд ва то ҳол арзи ҳастӣ дорад. Пайдоиши ҷавоҳироти махзани мазкур аз миёнаҳои асри 8 сарчашма мегирад. Дар махзан то имрӯз ҷавоҳироти мухталиф, аз ҷумла асбоби мусиқӣ, либос, шамшерҳо, зарфҳо ва ғайра нигоҳубин мешаванд, ки ба воситаи Осиёи Марказӣ аз Ғарби дур оварда шудаанд. Гузашта аз ин, буддизм, ки асосгузори аслии фарҳанги ҷопонӣ ҳаст, ба Ҷопон тариқи Ҳиндустон тавассути Осиёи Марказӣ, Чин ва нимҷазираи Корея ворид гашта буд. Паҳншавии аввалини буддизм ба Ҷопон аз соли 538 шурӯъ шуд. Мафҳуми “Роҳи Абрешим” дар ҷопониҳо як ҳиссиёти гарми хосро ҳамчун манбаи аслии пайдошавии фарҳанги мо ба вуҷуд меорад.

Вазири хориҷаи Ҷопон: “Тоҷикистон ба сӯи шукуфоӣ қадам мениҳад”Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва дарёфт намудани истиқлолият аз ҷониби панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар соли 1991, Ҷопон ба мусоидат ба ин дӯстони “нави кӯҳна” дар ҷанбаҳои мухталиф ба симати дастгирии бунёди давлати нав ба мусоидат шурӯъ намуд. Мусоидати Ҷопон соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҳаёт ба монанди зерсохтори калонҳаҷм: маҳз системаи обтаъминкунӣ ва обу корез, такмили фурудгоҳҳо ва азнавсозии пойгоҳҳои гармидиҳӣ, сохтани роҳи оҳан; инчунин ҳамкории техникӣ, ки он таъмири макотиб, таъмини шифохонаҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, гузаронидани машғулиятҳои касбомӯзӣ дар соҳаҳои бизнес ва кишоварзиро бар мегирад.

Дар асоси боварии тарафайн, ки ба туфайли чунин ҳамкориҳо роҳандозӣ шудааст, моҳи августи соли 2004 Ҷопон ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ Муколамаи “Осиёи Марказӣ ҷамъи Ҷопон” созмон доданд. Баҳри дарёфти рушди минбаъда ба симати минтақаи мустақиле, ки ба тамоми олам кушода ҳаст, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамкории якдилӣ бояд масоили дохили минтақавиро ҳаллу фасл намоянд. Бо мақсади мусоидат ба чунин тарзи ҳамкориҳои минтақавӣ, Ҷопон ният дорад бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамраъй буда, дар якҷоягӣ ҳаракат намояд. Худи шакли созмон додани Муколамаи “Осиёи Марказӣ ҷамъи Ҷопон” ҳам дар ҳамин ҳаст. Мутмаинам, ба туфайли муколамаҳо ва ҳамкориҳои то ин давр анҷом ёфта, дӯстони мо аз Осиёи Марказӣ низ бо чунин усул ҳамфикр гаштанд.

Муколамаи «Осиёи Марказӣ ҷамъи Ҷопон» 10-умин солгарди таъсисёбиро қайд намуд. Имрӯз дар Бишкек таҳти раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон 5-умин ҷаласа дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешавад. Дар ин ҷаласа ман на танҳо хостори муколамаам, балки мехостам самти аслӣ роҷеъ ба ҳамкориҳои амалиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод намоям. Дақиқтар, бо истифода аз технология ва таҷрибаи Ҷопон дар соҳаи кишоварзӣ, ки соҳаи калидии рушди минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, мехостам ба ҳарчӣ бештар пеш бурдани рушди он мусоидат намоям. Ҷопон ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар давоми зиёда аз нимсол нисбати ин масъала бо мақсади омӯхтани имкониятҳои ҳамкорӣ муҳокимаронӣ мекарданд.

Маълум аст, ҳамкорӣ байни Ҷопон ва Осиёи Марказӣ набояд танҳо бо кишоварзӣ маҳдуд шавад. Бинобар вазъи феълии Афғонистон, ки минбаъд марҳилаи муҳими гардишро интизор аст, мехостам мавзӯи мубориза алайҳи фурӯши маводи мухаддир ва назорати марзҳои давлатии минтақаро, аз нуқтаи назари рушди устувори Осиёи Марказӣ – пешгирии офатҳои табиӣ ва вазъи занонро мавриди баррасӣ қарор бидиҳам. Ман бесаброна интизори мубодилаи афкори ошкоро бо вазирони корҳои хориҷии ҳар як кишвари иштирокчӣ мебошам.

Дар айни замон Осиёи Марказӣ суръати рушди бардавомро нишон дода истодааст. Моҳи июни соли ҷорӣ, ман Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷаноби Асловро ба Ҷопон даъват намудам. Эшон ба зодгоҳи ман Ҳирошима низ омада, ба “Гумбади ҳаставӣ” ва Осорхонаи ёдгории сулҳ ташриф оварданд. Инчунин, ба Муҷассамаи қурбониёни бомбарон гулчанбар гузошта, поси хотир намуданд ва бевосита бо натоиҷи воқеии бомбаборони ҳаставӣ аз наздик шинос шуданд. Ҳангоми вохӯрӣ бо ҷаноби Аслов ман бо камоли фараҳ зикр намудам, ки Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, ба сӯи шукуфоии хеш қадам мениҳад. Зиёда аз он, ман изҳори ният кардам, ки Ҷопон, ки то ҳол мусоидати мухталиф мерасонид, ҳамкории ҳамаҷонибаро дар Тоҷикистон пеш барад. Дар ҷавоб аз тарафи ҷаноби Аслов оид ба саъюу кӯшишҳои ҷиддӣ, ки ба барқарор сохтани сулҳу субот дар минтақа ва ҳамчунин интизории бузурге, ки ба Ҷопон мениҳанд, мавриди зикр қарор гирифт. Ва ман бори дигар ба рушди минбаъдаи дӯстона ва ҳамкориҳои байни кишварҳоямон мутмаин гаштам.

Ҷопон дар оянда низ ният дорад, ки шарики Осиёи Марказӣ боқӣ монда баҳри таъмини субот ва рушди минтақа амал намояд ва барои қонеъ гардонидани талаботи Осиёи Марказӣ ҳар чӣ муфассалтар кумак намояд. Ана ҳамин аст иқдоми «фаъоли сулҳофарӣ», ки бо пешбарии Кабинети сарвазир Синдзо Абэ дар асоси ҳамкориҳои байналмиллалӣ таъсис ёфтааст.

Фикр мекунам, ҳамкорӣ бо Тоҷикистон на танҳо бо масоили минтақаи Осиёи Марказӣ маҳдуд мешаванд, балки чунин мушкилоти умумиҷаҳонӣ ба мисли яроқпартоӣ ва паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ, ислоҳоти Шӯрои Амнияти СММ-ро дар бар мегирад. Ман бо Тоҷикистон умеди бузурги ҳамкориро дар саҳни байналмилалӣ дорам. Дар робита бо ин, Ҷопон дар ҷараёни таҳияи матни «Созишнома оид ба минтақаи озод аз силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ” мусоидати зиёд расонид ва ман бо хушҳолӣ мехостам қайд намоям, ки охири моҳи майи соли ҷорӣ панҷ кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ Протокол оид ба кафолати амниятиро ба тасвиб расониданд. Чунин қадамҳо ба ман илҳом мебахшанд, зеро ман ҳамчун Вазири корҳои хориҷиикишвари ягонае, ки аз бомбаборони хаставӣ дар ҷанг осеб дидааст ва вакили зодаи шаҳри Ҳирошима мебошам, дар назди худ мақсади бузурги «ҷаҳони бе силоҳи ҳастаӣ» гузоштаам.

Тавассути муҳокимаи имрӯза, мехостам, тӯли 10 соли оянда дурнамоҳҳо барои идомаи ҳмкориҳои мутақобила судманд байни Осиёи Марказӣ ва Ҷопон роҷеъ ба доираи васеи масоилҳо умумӣ шаванд. Дар фарҷом, ба Шумо дӯстони навамонро, ки ғояи Муколамаи «Осиёи Маркази ҷамъи Ҷопон» амалӣ мегардонанд, муаррифӣ менамоям. Ин қаҳрамонҳо ҳамкориҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо Ҷопонро ифода мекунанд. Мехостам, мо ҳама якҷоя рушди онҳоро назорат бикунем.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)