Коҳиши мизони интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон
Ҳаҷми пули аз ҷониби ашхоси воқеӣ интиқолшуда аз Русия ба Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли 2014, 648 миллион долларро ташкил додааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда, 5,3 дар сад камтар аст.
Дар гузориши амалиётҳои фаромарзии Бонки марказии Русия гуфта мешавад, аз 3572 миллион доллари дар семоҳаи аввал ба кишварҳои ИДМ интиқолёфта, 18,14 дар сади он ба Тоҷикистон рост меояд. Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми интиқоли маблағҳои интиқолшуда аз Русия миёни кишварҳои ИДМ баъд аз Узбакистон дар ҷои дуюм қарор дорад.
Маъмулан, интиқоли маблағҳо ба муҳоҷирони меҳнатӣ марбут аст. Ба омори ғайрирасмӣ теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия рафтаанд, марзи як миллионро убур мекунад.
Гуфта мешавад, соли 2013 газ русия ба Тоҷикистон 4173,1 миллиард доллар интиқол шудааст, ки нисбат ба соли 2012 (3651,5 миллион доллар), 14,3 дар сад бештар мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |