Бахшҳо
05 июл 2014 12:21Тоҷикистон / Сиёсат

Шералӣ Мирзо: “Масъалаи пойгоҳи Русияро мусбат ҳал кардаем”

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон, бо ҳамтои русаш - Сергей Шойгу мулоқот ва масоили марбут ба пойгоҳи низомии 201-и Русия дар кишварро баррасӣ кардааст.

Ин дидори вазири дифои кишвар бо ҳамтои русаш дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирифта, дар он Шералӣ Мирзо инчунин масъалаи тақвияти артиши Тоҷикистонро низ ба миён гузоштааст.

Сергей Шойгу гуфтааст, кишвараш барои баррасии масоили марбут ба ҳамкорӣ ва тақвияти неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон амалан омода мебошад: “Ҳар чӣ ки инҷо имкон дораду аз вазорати дифои Русия вобаста мебошад, омодаем сари миз барои баррасии он нишинем.”

Вазири дифои Тоҷикистон низ дар навбати худ аз ҳамтои русаш сипосгузорӣ карда, аз ӯ даъват кардааст, сафари кориеро ба Душанбе анҷом диҳад: “Ду мушкиле, ки онҳоро стратегӣ медонем, яке аз онҳо масъалаи будубоши пойгоҳи низомии 201-и Русия аст, ки албатта, ба тарафи мусбат ҳал кардем ва мушкили дигар ин барномаи муосиргардонии неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст.”
Мӯҳр
Фирдавс
Урус хона равед... На шумо ва на кушуни ту ба мо дар кор нестанд. Кай аз ин забткунандагон халос мешавем ва истиклолият ба даст орем?

Tojik
Чи хал шуд, чи хел хал шуд номаълум. Ё ин хам сирри хонаводаги аст?

хуш омадед бародарони рус. хамин шумо будед ки кишвари мо точикистон ном гирифт ва он обод ва мардумаш саводнок гардида дар кишвар заводу фабрика ва корхонахои гуногун буданд ки халки мо дар он кор карда нону намак меефтанд. хуш омадед нури дида точи сар. бародарони гироми ва азиз.

Аниктараш чизе русхо гуфтанд, рози шудему бо сари баланд омадем!!!

ватандор агар худатон акл карда заводу фабрика насохтед бигзор урус фармон дихад ки ту онро бисози вагарна бар ту бошад асло нахохи сохт барои он ки ту ватандор хасти дар забон. умуман точикистонро мардуми миллатхои гуногун обод кардаанд.

Ба хуш. Гуфтахоят ба хамдигар рост намехуранд. О агар саводнок шуда бошем аз баракати урус, пас чаро пеш намеравем? Дигар давлатхои дунеро бин. Не акнун африкаро мисол набиеред. То вакте ки артиши рус дар хоки ватани мо хаст мо пеш намеравем чунки урус на худаш месозаду на мемонад дигар кас созад акаллан худатро хам пешпо медихад. Ки меояд сармоягузори? Макомот фасодзадаанд? О хаминхоро урус интихоб карда таин кардааст. Дигар он шурави нест ки созад, ин давлати русия хаст. Русия намесозад, факат сараш андармони пойгоххои харбист. Баъд, хамаи давлатхоро аз чумла русияро хам дигар миллатхо сохтаанд. Расия хамааш урус нестку. Шукронаву хушомад бас будагист.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)