Мақоми 129-уми Тоҷикистон дар гузориши нави СММ (ВИДЕО)
Созмони милали муттаҳид, СММ гузориши нави худро дар мавриди рушди ҳукумати электронӣ дар кишварҳои ҷаҳон нашр намудааст, ки Тоҷикистон миёни 193 давлат мақоми 129-умро соҳиб шудааст.
Ин пажӯҳиши СММ, дар ду сол як бор бо назардошти сатҳи фарогирию сифати хадамоти интернетӣ, фановариҳои иттилоотӣ, сомонаҳои мақомоти давлатӣ, дастрасии шаҳрвандон ба шабакаҳои интернетӣ, сатҳи фаҳмиши аҳолӣ ва заминаҳои ҳуқуқӣ барои рушди ҳукумати электронӣ таҳия мегардад.
Дар гузориши ҷадид барои соли 2014 ҳукумати электрон дар Кореяи Ҷанубӣ пешрафтатарин эътироф шуда, дар пайи он Австралия, Сингапур ва Фаронса қарор доранд.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо дар Қазоқистон ҳукумати электронӣ нисбатан рушдкарда аст, ки мақоми 28-ум, яке зина баъд аз Русияро соҳиб шудааст. Узбакистон дар ин раддабандӣ зинаи 100, Қирғизистон-101 ва Туркманистон-128-умро гирифтааст. Кишварҳои Нигер, Эритерия ва Сомалӣ дар охири феҳрасти СММ ҷойгир шудаанд.
Дар Тоҷикистон, ки даъвои ҳамқадами замон буданро мекунад ва ҳам чанд сол аст аз “ҳукумати электронӣ” зиёд мегӯянд, дар ин мавзӯъ пешрафти чандоне надорад. Ба вижа ниҳодҳои давлатӣ, ки аксаран ба сомонаҳои расмии худ эътибори ҷиддӣ намедиҳанд. Қисме аз ин сайтҳо моҳҳо ва ҳатто солҳо матлаби наверо надидаанд ва ин ҷо чашмандозе ба бархе аз ин сомонаҳост, ки се моҳи пеш таҳия шудааст:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |