Бахшҳо

Аз Ваҳдат то Ваҳдат: “Задухӯрд”-ҳо шадидтар мегарданд

Азизи НАҚИБЗОД

Устод Муъмин Қаноат соле пеш дар як мусоҳибааш гуфта буд: «Ҷанг дар Тоҷикистон тамом нашудааст. Ҷанги бесилоҳ идома дорад». Ба назар мерасад, ин аҳвол бо гузашти беш аз як сол шадидтар мегардад.

Шояд устод Қаноат бо ин гуфтаҳояш мехост моро аз ғафлат бедор созад. Аз як балое, ки ба сари миллат омаданист, ҳушдор диҳад. Шояд интизор дошт, мо ба худ хоҳем омад ва даст аз ҷанги бесилоҳи миллатсӯз бархоҳем дошт. Умедвор буд, ки мо ба умқи гуфтаҳояш тафаккур намуда, аз оқибати ин раванд андеша хоҳем кард. Билохира, баҳри тағйири вазъ даст ба кор хоҳем шуд. Аммо…

Мо ба худ наомадем. Андеша накардем. Баръакс, алайҳи устод шӯридем. Тамоми дарҳоро ба рӯяш бастем. “Антипартийный” эълон кардем.
Натиҷа чӣ шуд? Ба чӣ ноил гаштем?
– Ҳеч!
Чун мо ба омӯхтану аз миён бурдани мушкил напардохтем. Мо тамоми нерӯямонро барои он сарф кардем, то «исбот» намоем, ки чунин мушкил вуҷуд надорад ва устод Қаноат нодуруст мегӯяд.

Тазоди ду гурӯҳ

Ҷанги бесилоҳи мавриди назари устод Қаноат тавре ишора шуд, ҳоло ҳам идома дорад. Ин ҷанг ҳарчанд кушта надорад, вале гурезаву ҷабрдида дорад. Ин ҷанги замин, ҷанги манзилу макон, ҷанги мавқеъву мартаба, ҷанги мансаб, ҷанги раставу бозор, ҷанги молу мулк ҷанги тиҷорат, ҷанги ақида, ҷанги маҳал… аст.

Гуфтаҳои устод Қаноатро наметавон валиёна шумурд, барои дарки он танҳо андаке фаросат ва барои иброзаш ҷуръату ҷасорат бояст дошт, ки устод ҳардуро бешак дорост. «Ҷанги бесилоҳ идома дорад», яъне ваҳдати миллат онгуна, ки мехостем, ба миён наомад.

Як гурӯҳ дар тамоми ҷумҳурӣ аз ҳамаи имкониятҳо бархӯрдоранд. Намояндагони ин гуруҳ мушкили замин, манзил ва ҷои кору таҳсил надоранд. Фарзандони эшон «облава» намешаванд. Модарони онҳо ранҷи фироқи бачаҳои муҳоҷирашонро намекашанд. Шаш моҳи сол азоби торикиву сардӣ ва бебарқӣ кашидан ба онҳо рабт надорад. Таппак чист, ангишт чӣ нархе дорад, «кайфият»-и дуд ба онҳо бегона мебошад. Соатҳои дардовари нтизории нақлиёти ҷамъиятиро эҳсос намекунанд. Нодорӣ чӣ мафҳумест, камбизоатӣ чӣ қадар аламнок аст, ин тоифа фаромӯш кардаанд. Тамоми хостаҳои эшон бо як занги телефон дар ҷояш ҳал мегардад.

Гуруҳи дигар тамоми мушкилоти зикршударо доранд, балки бештар аз он. Шумо тасаввур мекунед, вақте 50-сола бошию аммо дар ватанат як порча замин барои сохтани кулбае надиҳанд, чӣ қадар дарднок аст? Барои чунин нафарон аз «тинҷӣ» гуфтан аз «шукр» ҳарф задан ранҷовартар аз бемакониаш аст. Ин гуруҳ аксаран аз ҳисоби фарзандони муҳоҷирашон ба сар мебаранд. Фарзандони онҳо аз ночорӣ, аз ноилоҷӣ рӯ ба ҳиҷрат ниҳодаанд. Аз бекорӣ аз маҳдудияти имконият. Фарзандон ранҷи ғурбат мекашанду волидону пайвандон дарди фироқ. Сол ба сол саффи ин ҷамъ зиёдтар мегардад. Солҳои охир ба лашкари муҳоҷирон онҳое низ пайваст мешаванд, ки на аз сабаби иқтисодӣ, балки бо далели забон наёфтан бо мақомот ин роҳро ихтиёр менамоянд. Инҳо аз муҳоҷир дида бештар ба гуреза мемонанд. Миёни ин ду гурӯҳ дурии зиёд ба чашм мерасад.

«Ҷанг»-и моликият

Чашм ало кардан ба моликият ва дороиҳои бархе аз шаҳрвандон дар кишвари мо солҳост, ки сари забонҳост. Дар ин робита баҳсҳои додгоҳии зиёд баргузор мегарданд. Вале тааҷҷубовар ин аст, ки дар баҳсҳои додгоҳӣ ҳеч гоҳ наздикони мансабдорон шикаст намехӯранд. Онҳо дар ин баҳсҳо ҳамеша баранда ҳастанд. Қазияи ба сари Зайд Саидов омадаро пеши назар оред. То соле қабл ҳамаи корхонаҳояш қонунӣ буд, яку якбора ҳамаи дороиҳояш «ғайриқонунӣ» шуд. Ё бозори Кабирӣ то порсол қонунӣ буд, имсол ғайриқонунӣ шуд. Чунин менамояд, ки қонун ҳам дар хидмати як гурӯҳ аст. Аҷибтар аз ҳама, онҳое, ки барои хусусӣ намудани ин корхонаҳои «ғайриқонунӣ» мусоидат намудаанд, ҷавобгар намешаванд. «Мусичаи бегуноҳанд».

«Ҷанг»-и ақидаҳо

Ҳанӯз пас аз чанд моҳи ба охир расидани фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) ҷониби ҳукумат намояндагони мухолифинро оҳиста-оҳиста аз мансабҳои 30-дарсадӣ берун карданро оғоз намуд. Дертар бархеро ба кунҷи зиндон афканд. Мухолифат бо мухолифон дар ду соли охир бештар шуд. Дар як соли охир ба нуқтаи авҷ расид. Тарафи ҳукумат аз тамоми имкониятҳо ва васоити давлат истифода намуда, барои сиёҳ кардани чеҳраҳои мухолифон иқдом намуд. Қариб ҳафтае нест, ки дар расонаҳои давлатӣ аз намояндагони мухолифон «қаҳрамон» насозанд. Аз чеҳраҳои маъруфтарини мухолиф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Раҳматилло Зоиров, Муҳиддин Кабирӣ ва ғайра душман метарошанд. Муқовимат танҳо бо ҷанги лафзӣ ба охир нарасид. Ҷанги «танбатан»-е, ки ба қарибӣ дар Бадахшон бо ҷонишини раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ воқеъ шуд, фикр намекунам, тасодуф бошад. Пас аз чанд рӯзи ин ҳодиса дар шаҳри Кӯлоб ба Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ бо тухму помидор ҳамла намуданд. Аз ҳодисаи ахир, ки қароргоҳи ҲНИТ дар маркази вилояти Суғдро вайрон намуданд, ҳамагӣ чанд рӯз гузашт. Ин гӯиё «тӯҳфаи» ҷониби дигар ба ҷашни Ваҳдат буд.

«Ҷанг»-и маҳал

Бояд зикр намуд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳарчанд дар оғоз ҷангӣ ғоявӣ буд, оҳиста-оҳиста ба ҷанги маҳаллӣ мубаддал шуд. Замоне ки созишномаи сулҳ ба имзо расид, ҳама умед доштанд, дигар ҷанги маҳал ва ҷанги ақида аз миён бурда мешавад. Аммо на ин тамом шуду на он ба охир расид. Имрӯз намояндагони як маҳал на танҳо аксари курсиҳои муҳими давлатиро ишғол намудаанд, балки дар сохторҳои «сердаромад» аксари кормандонро ташкил мекунанд. Дар бисёре аз ноҳияҳо роҳбарии сохторҳои қудратиро ҳам намояндагони як маҳал ба уҳда доранд. Бо ин вуҷуд, наметавон гуфт, ки минтақаи баромади роҳбарон аз дидгоҳи сатҳи иҷтимоӣ пешрафтатар аз дигар минтақаҳост. Ин ҳам як тазоди Тоҷикистон.

«Ҷанг»-и тиҷорат

Дар хусуси кашида гирифтани тиҷоратҳои бархе дар кӯчаву бозор ва шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр гуфта мешавад. Шароити тиҷорат барои як гурӯҳ хеле осону ҳамвор буданаш ба касе пӯшида нест. Як зумра тоҷирон, яъне «баргузидагон», аз хеле имтиёзҳо бархӯрдоранд. Боҷи гумрукӣ намесупоранд ё андак месупоранд. Аз пардохти чандин намуди андоз озод карда шудаанд. Аз сӯи ниҳодҳои дахлдор тафтиш карда намешаванд. Барои мисол, ширкати IRS қариб аз ҳамаи андозҳо озод аст. Дар ҳоле ки маълум нест, чӣ манфиате ба кишвар меорад? Аз сӯи дигар, тоҷирони бепуштупаноҳ аз дасти тафтишгарон ва ҷаримаҳои калон муфлис мешаванд. Аксаран ба ин боваранд, ки дар Тоҷикистон бидуни пушту паноҳ наметавон тиҷорат кард.

Анҷом

Тавре зикр гардид, мухолифат дар ҳама ҷабҳаҳо дида мешавад. Бархе ба рӯи усулҳои ваҳдат пой мегузоранд, вале шигифтовар аст, ки тарафи ҳукумат дӯст медорад, аз ваҳдат, аз сулҳ, аз оромиву субот сухан гӯяд. Инчунин, дӯст медорад, ҷашн бошаду айшу нишот. Пас аз ду рӯз ҷашни Ваҳдат дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Барои як гуруҳ, ҷониби дигари сулҳ, фикр намекунам, ки дар ин базм ҷой диҳанд. Касе низ намегӯяд, ки зиддияту мухолифат бо ваҳдат муқобиланд на муродиф. Дар ҳоле ки рӯирост бо дигарандешон мухолифат меҷӯем, ҳарфи ваҳдат чист? Баҳона барои ҷашн? Аз оқибаташ инҷо ҳарф намезанам. Боз ҳам сухани устод Қаноат ёдам меояд, ки имсол дар мусоҳибаи дигараш гуфта буд: «Метарсам, ки таркиш нашавад!»
Аммо таҷлили ҷашни Ваҳдат амалҳои Афандиро ба ёд меорад. Воқеият ин аст, ки миллат имрӯз дар ҳафт иқлим парешон аст. Худи ваҳдат нест. Идаш ҳаст.

Ва ниҳоят касе ҳаст, ки аз дастандаркорон, «соҳибҷашнҳо» бипурсад: Шумо аҳли базму тараб ба ҳоли миллат механдед? Шумо ба дигарон тамасхур мезанед?
Мӯҳр
Мухаммад
Пурдил
И бародара хатман хукуматихо ба ин навишташ девонаш мебароранд! Худованд сафи мардони чаросатдоштаро зиёда гардонад, ОМИН....

тарафдор
Хакикикати холро гуфти бародар! Касе инро инкор кунад е дузд аст е косалесаки дузд е доброволетс аст. Ахсан бародар. Доброволетсхо чи гуфтание доред гайр аз шукронаву тарси чанг.

99
Бале! "Ҷони гапро гуфтед!"
Шахсан ман, рӯзи иди ваҳдатро, оғози ҷанг меномам, на сулҳ! Аксар мардуми мо медонистанд, ки ин сулҳ набуд ва нест, аммо илоҷ набуд. Ба қавле, "ба умеде" сулҳ карданд. Ин кор ба мусоидати он давлатҳое ба амал омад, ки ҷангро худашон ташкил ва сар карда буданд, на аз тарафи ҳукумати мо. Ин "сулҳ"-ро бояд русҳо ҷашн гиранд, на мо!!!

Амонулло
Суханони бародар Азизи Накибзод сад дар сад дурусту хаканд, вазъияти точик имруз хамин тур аст, на кор мекунанд ва на мегузоранд, ки афроди ватандусту босавод чомеаро ба низом дарорад.

Точик
Азизчон!!!! Бехтарин гуфтахо. Дарду ормони мардумро гуфтед. Окибаташ ба хайр бошад.

Рост гуфтаи ака лек ин ид барои мову ту нест факат барои як гурух...............

Точикварз
Устод Каноат ба ягон дари бози мо ниёз надорад тамоми дархои чумхурихои собик шурави ва алалхусус Руссия,Украин,Беларус ва хамчунин Ирон Афгонистон,Покистону Хинд,Чехияву Сербия уро шоири худ медонанд ва дархои ин кишвархои пуриктидор барояш боз астанд.Баръакс чамъияти бесаводонаи мо,ки фархангу саноату варзишу илм ба тангнои феодали афтида истодаанд ба дари бози у ниёз доранд.Устод хуб гуфтанд ва бесаранчоманд,ки дар 23 соли истиклолият ва 17 соли вахдат натавонистем,кеи андеша ва аклхои сазовори давлати озоду мустаъкилро тарбия кунем.Хукуматдорони бесавод ба чои ахсан гуфтан ба устод ва истифодаи сухани у ба ин кор рафтанд,зеро шахсан ман фикр мекунам,ки куввахъои пинхонии туркие дар боло хастанд,ки миллдатро ба андешаи бефикри,бесаводи ва бехиси чун робот кашидан ва тарбия кардан доранд ва ахиран номи кишварро низ метавонанд дигар кунанд.Чунин маколахо оиди арзанда набудани номи точик дар калимаи Точикистон дар маколахои журналистони турк дар Туркия аллакай чоп шуда буданд ва онхо идао доранд,ки туркнажодхо аз точикон зиёдтаранд!Ана ба ин чиз бояд таваччух кард ва хамчунин минтакагарои низ аз тарафи чосусони хоричи ба болои ин миллат бо максади суст кардани пояхои давлатдори точикон фуру рехта истодааст.Кор то он дарача рафта расидааст,ки Абдулло Гуленро,ки бо литсейхои туркияш хатто туркхои Осиёи Миёна пеш карданд,зеро хамирмояи максади охири он дигар аст,дар ин кишвар озодона бо пули худи падару модари точик амал куарда истодааст.НЕамефахми,ки вокеъан ин давлати точикон аст ё аз миллати дигар!

зафари ширек
О тура ба маколанависи ки ичоза дод. Бо ай хамун китовфурушит намони.

Точик
Офарин бародар Азиз!!! Харфхои дили аксарияти мардумро гуфтед.

Фейрбах-али
Балам, дилат сахт месухтааст. Тарзи хаёти Капиталистиро интихоб кардед.
Он чизе, ки навишити ва нихоят хуб дарк карди, ки САРМОЯДОРИ чист ва САРДОР кист. Конуни хаёти капиталдори хаминтур аст. Хатто дар АМРИКО, Аврупо,ЧОПОН ва имруз Руссия ба хамин тарз зиндаги мекунанд.
Конкуренсияба токат кардан даркор.Конуни ЧУНГЛИ ва МАУГЛИ. Дар ин БОЗОР хар кас хаки худаша мегирад.

Ахсан зихи муаллифи мухтарам бехтарин суханхо хакикат

Бархе таппак чи, ангишт чи арзиш дорад, махдудияти баркро намедонанд ва ба дарки он намераванд, ки дар сармо бебарк дар хучрахои сард умр ба сар мебранд. Мардуми бенаво, бе мулк, барои сохтани як кулба дастраси ба порчаи замин надорад, магар ин зиндаги аст? Ахсант. Офарин ба муаллиф. Бехтарин тахлили вахдату оштии " якдастаю якчониба". Як тарафи сулх идкунию дигар тараф чабру чафокаши, зери танкиду ситам ва маломатхои макомот...... Ин сулхи точикон аст, бо усули точики......

Саломат бошед! Хеле тахлили хуб. Ин Вахдат вахдати вокеи немт, агар хаминтавр рафтан гирад боз хавфи чанг дорад.

Саломат бошед! Хеле тахлили хуб. Ин Вахдат вахдати вокеи нест, агар хаминтавр рафтан гирад боз хавфи чангу чидол вучуд дорад.

Сунаткул
Вокеъан айб хаст,ки даъди катли омми 200 хазор точик раксу бози кард,ин руз дар тахрихи точикон рузи фочиаи милли,ки бар асари накшахои разилонаи дасти русу гузбак рохандози шуд бояд ёд шавад ва ёдбуди шахидони катли омми точик бояд бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)