Бахшҳо

АКСУ ВИДЕО: 9 сол зиндони Усмоналӣ барои латту кӯби Шаҳбол

Алишер ЗАРИФӢ

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 2620-и нерӯҳои марзбониро, дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор донист ва нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард.

Шарафҷон Нарзуллоев, додраси парванда, рӯзи 19 июн, ҳангоми қироати ҳукм, гуфт, Ғайратов бар асоси моддаи 373-и Кодекси ҷиноӣ муҷрим шинохта шуда, муваззаф аст, ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ низ ҷарима супорад. Бар замми ин, додрас иброз дошт, беш аз 5 ҳазор сомоние, ки аз ҳисоби Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ барои табобати Шаҳбол сарф шудааст, аз ҷониби Усмоналӣ Ғайратов ба раёсат пардохт хоҳад гардид.



АКСУ ВИДЕО: 9 сол зиндони Усмоналӣ барои латту кӯби ШаҳболАбубакр Қулматов, вакили мудофеи Усмоналӣ Ғайратов, гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва аз болои он шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд. Номбурда дар суҳбат ба “Озодагон” афзуд, қарори додгоҳ нисбати зерҳимояаш комилан ноодилона буда, додгоҳ ваҷҳҳои пешниҳоднамудаи онҳоро ба эътибор нагирифтааст: “Ҳатто далелҳои пешниҳодшудаи мақомотро низ ба инобат нагирифт. Дар масъалаи ҷуброн низ мо розӣ нестем ва сари ин масъала шикоят мебарем”.

Бар асоси ҳукми додгоҳ Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 як сол аз хидмати ҳарбӣ маҳрум шуда, даҳ дарсади маошаш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 16 июн намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ аз додраси Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе хоста буд, то Усмоналӣ Ғайратовро ба 10 соли зиндон маҳкум карда ва 12 ҳазор сомонӣ (300 нишондиҳанда) ҷарима бандад. Дилшод Исломов дар ин баромадаш, Гулрухсор Шириноваро ба бемасъулиятӣ гунаҳкор дониста ва аз додрас хост, фаъолияти Шириноваро дар ду соли оянда маҳдуд ва 15 дарсади маошашро ба ҳисоби давлат биситонад. Ба қавли додситон, шоме, ки Шаҳбол Мирзоев дар нуқтаи тиббӣ латту кӯб шуд, Гулрухсор Ширинова бояд навбатдорӣ мекард, аммо дар он ҷо набудааст.

Худи Усмоналӣ Ғайратов рӯзи 18 июн ҳангоми ироаи сухани охиринаш дар Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе гуфт, аз кори кардааш пушаймон мебошад. Ғайратов бо маъзаратхоҳӣ аз Шаҳболу волидонаш афзуд, дуо мекунад, то ӯ ҳар чӣ зудтар сиҳат шавад. Ӯ дар посух ба суоли Шарафҷон Нарзуллоев, раисикунандаи мурофиа, ки ба ин кирдораш чӣ ҷазоро муносиб медонад, илова намуд, “ҳар ҷазоеро, ки қонуну додрас таъин мекунанд, қабул хоҳам кард”.

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Масъулини Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе, ки ин қазияро тафтиш доранд, гуфта буданд: “Гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст. Алайҳи Ғайратов тибқи моддаи 373-юми Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ойинномавии муносибат байни хидматчиёни низомие, ки тобеъи ҳамдигар нестанд) парванда боз шудааст.”

Вале Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия қасдан латту кӯб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоевро такзиб ва айбдор будани масъулини саррраёсатро дар ин қазия рад кард. Дар иттилоияи ин ниҳод омада буд, “пеш аз ҳодисаи осебгирии Мирзоев Шаҳбол дар вақти гӯштигирӣ Ғайратов ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт. Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Мирзоев Ш.Н. ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муайян кардани ҳискунии пойҳои ӯ бо сӯзан пай монда шудааст.”


АКСУ ВИДЕО: 9 сол зиндони Усмоналӣ барои латту кӯби Шаҳбол

АКСУ ВИДЕО: 9 сол зиндони Усмоналӣ барои латту кӯби Шаҳбол

АКСУ ВИДЕО: 9 сол зиндони Усмоналӣ барои латту кӯби Шаҳбол
Мӯҳр
Кам- Кам о бачара тамоман шикастед! У дигар одам намешавад ва имконияти аз 6 мох зиёд зистанро надорад! Инчо умри одамиро бояд ба назар гирифт на 8 000 сомониву як сол махрум кардан аз ыои кори дигар....

Шахрванд
Бародар Усмонали ин хукме ки барои шумо доданд хело кам аст, чунки шумо баъди 9 сол боз ба озоди мебароену бо дасту пои равон боз метавонен зиндагиатонро баркарор кунен. Лекин сад АФСУС ки Шахбол на дар муддати 9 сол балки то охирин лах.заи марг мачрух мемонад. Усмонали оё х,ис мекуни вакте ки як агар туро чунин менамуданд оё гунохашро мебахшиди? х,аргиз НА. Шахбол туро то к,иёмат намебахшад, Чунки Уро аз дасту пои равон махрум сохти..

Garib
Шахрванд,
Ба хеч кас то хол кафолат дода нашудааст, ки баьд аз 9 сол аз зиндон сихат ва саломат мебарояд

Ин Усмоналиро нав дидем, бузургчусса будааст. Бо ин дасту бозу шарм надошта бо чунин чавоне мисли Шахбол гуштин гирифтан хостааст. Намешуд ки мисли худат ягон девчуссаи дигарро меёфти, яке у туро зада мачрух месохт, ана он вакт аз дили дардманди Шахболу наздиконаш огах мешуди. Бенисофи нобакор дар нигохат ягон зарра осори пушаймониву таассуф дида намешавад.

Аз чехраащ маълум! Зиндагихои шикаста пайванд намешавад!

Акмал
Ин хукм кам аст, бояд на камтар аз 15 сол гирад ин, бинед мижжааш хам нахурдааст. Ба аскар ягон монанди надорад, хохишмандем холномаи инро дурустар кофтокоб кунанд шояд бисёр норашвшанихо равшан гардад.

Ин Усмоналиро нав дидем, бузургчусса будааст. Бо ин дасту бозу шарм надошта бо чунин чавоне мисли Шахбол гуштин гирифтан хостааст. Намешуд ки мисли худат ягон девчуссаи дигарро меёфти, яке у туро зада мачрух месохт, ана он вакт аз дили дардманди Шахболу наздиконаш огах мешуди. Бенисофи нобакор, орзу мекунам, ки аз махбас сихат набарои, чунки дар нигохат ягон зарра осори пушаймониву таассуф дида намешавад.
Озодагон, чоп кун, барои чи шарххои маро рох намедихи? Аллакай чанд бор шуд.

boyad 18 sol medodan. Becho orai shahbolda Hudowand quwa dihad. Aspirant,

точикам
Дар точикистон баъд аз шаш мох амнистия карда мебароранд, барои хамин дар ин Усмони Гайрат ин хукм таъсир надорад....

умар москва
лату куб кардагихо кани офицерхо чазо мегиранд е ин ки бо хамин тамом шуд

Душанбе
Дар нашрияхои плешина исми корманди тиббии навбатдор Гулрафтор Ширинова буд. Имруз "Гулрухсор" ном гирфтааст. Кадомаш дуруст?

Хукм
ба соли кам махкум кардаанд.. дар махбас тарбияти дуруст ва одоби ахлоки хамидаи инсониро меомузонандаш ки падараш аз сербаччагиву каччаги карда натавонист..

Дод
Ба ин гайрати бегайрат бояд ҳукм ба хадде дарозмуддат мебуд ки мисли сурати футболкаи худаш бобои барфи шуда аз махбас берун меомад.. боз хар хукме ки хохед дихед будаст зиндаги барои ту бози будайда.. лагади зиндаги холо хам ба кафоят нахурдаст.. вакте хурд вай бачая ку гарданаша шикасти думгозаи туя мешиканад..

Ҳамин девҷусса будааст, ин Усмонаш? Забонам лол мондааст, намедонам чӣ гӯям. Бо ҳамин қаду баст, чӣ тавр, ту, афсари хурд, бо як сарбози беъмори нимаҷон тан ба тан шудӣ? Меёфти монанди худат ягон хирсро! Ҳатто дар мусобиқаҳои варзиш гӯштӣ вазн ба вазн анҷом меёбад! Ту одам нестӣ, як нафар даррандаи! Аз чӣ боис суд ба ту ҳамагӣ 9 сол ҳабсро ҷоиз дидааст. Ин бамаротиб кам аст. Як ҷавонро умрбод маъюб кардиву мижжа назада истодаӣ! Шояд чизе ваъда карданат? Суд ҳукми одилона набаровардааст!

Umeda
Bacha mardaka maib kardi, voi bar holi tu va tarbiyatgaronat! Xudo biyomurzadat!Aspirant,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)