3 000 сомонии Саймуъмин Ятимов барои табобати Шаҳбол (АКС)
Масъулони Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҷавоб ба номаи Нуриддин Қаршибоев -- раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ё НАНСМИТ тамоми маблағеро, ки барои дорву дармони Шаҳбол Мирзоев, сарбози латту кӯбшуда, сарф намудаанд, ҳисоб кардаанд.
Дар посухи онҳо омадааст, барои табобати Шаҳбол аз 7 март то 27 апрели соли ҷорӣ, дар маҷмуъ, 7 ҳазору 252 сомониву 32 дирам сарф шудааст. Ин ниҳод дар идома навиштааст, 18 май, баъд аз анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ дар Русия Шаҳбол Мирзоев ба шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи шаҳри Хуҷанд дар ҳолати вазнин оварда шуда ва қисми зиёди доруву дармонаш аз сӯи беморхонаи вилоятии Суғд мебошад.
“Бояд қайд кард, ки падари Шаҳбол Мирзоев аз ҳисоби госпитали ҳарбии “Суғд” бо маводи ғизоӣ ва доруворӣ таъин намудани беморро қатъиян рад кардааст, лекин бемор аз назорати духтурон дур нест”,-гуфта шудааст дар нома.
Дар мактуби масъулони Сарраёсати Қушунҳои сарҳадӣ омадааст, сарбозони қисми ҳарбии 2939 ва 9829 барои табобати Шаҳбол 5 литр хун супоридаанд. Инчунин, ба гуфтаи онҳо, барои табобати Шаҳбол Мирзоев раиси Кумитаи амнияти давлатии миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов 3 ҳазор сомонӣ ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ 2 ҳазору 230 сомонӣ кумаки яквақтаина расондаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |