Чопи 'Нардбон'-у 'Гар таҳаммул пеша дорӣ...'-и Сайидқосими Қиёмпур
Китоби нахустини Саидқосими Қиёмпур, корманди бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, бо номи “Гар таҳаммул пеша дорӣ, одамӣ!” аз чоп баромад. Китоби 180-саҳифаии Қиёмпур гузоришу мусоҳиба ва мақолаҳои ӯро, ки аксарашон дар барномаи “Ойини мадоро”-и Радиои Озодӣ пахш шудаанд, дар бар мегирад.
“Тоҷикистон пири тариқат дорад?”, “Шиаву суннӣ: Дар моварои ҷангу оштӣ?”, “Ҷиҳод ба хотири Ислом ё барои молу пул?” ва “Ҳарфи мулло беҳтар аз гуфтори ӯст” аз мавзӯъҳои ин китобанд. Саидаҳмади Қаландар, коршиноси тоҷик, дар пешгуфтори “Гар таҳаммул пеша дорӣ, одамӣ!” ин китобро доиратулмаорифи кӯчак номидааст. Ӯ гуфтааст, “агар гӯем, ки Саидқосими Қиёмпур аз суҳбату андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ ва кишварҳои дигар як доиратулмаорифи кӯчак дар шинохти маънавиёт омода кардааст, хато намебошад.”
Ҷаноби Қаландар бар ин аст, ки мутолиаи ин рисолаи Қиёмпур дар тарбияи таҳаммулпазирии маънавии ҷавонон, аз роҳи таассубу тундгароӣ канор рафтани онон, ҳақро аз ботил ҷудо карда тавонистани онҳо ва ниҳоят ҳамқадами замон буданашон кумаки беандоза хоҳад кард. “Гар таҳаммул пеша дорӣ, одамӣ!” дар нашриёти “ЭР-Граф”-и Душанбе бо теъдоди 500 нусха рӯи чоп омадааст.
Дар ҳамин шабу рӯз китоби дигари Сайидқосими Қиёмпур дар нашриёти “Адиб” бо номи “Нардбон” аз чоп баромадааст, ки муаллиф дар ин китобаш ҳикояҳои ҳаҷвӣ, танз ва саргузаштҳои аҷоиби бархе аз нависандагону рӯзноманигорони тоҷикро ҷой додааст.
Саидқосими Қиёмпур 57 сол дошта, фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Мактаби олии ҳизбӣ дар Тошканд мебошад. Аз соли 1995 хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав ва аз соли 1999 то соли 2001 мудири бахши ин радио дар Душанбе буд. Ҳоло корманди Дафтари марказии Радиои Озодӣ дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |