Ҷунайдӣ: Сиёсати сталинӣ фарзандони Рудакиро аз хатту забонашон ҷудо кардааст
Фариддун Ҷунайдӣ, нависанда ва донишманди эронӣ хостори дубора барқарор шудани марказҳои таълимӣ бо хатту забони форсӣ дар Узбакистон шудааст.
Оқои Ҷунайдӣ дар суҳбат бо як расонаи кишвараш гуфтааст, солҳост, ки фарзандони Рудакӣ дар Узбакистон аз омӯзиш бо хатти форсӣ маҳрум буда, ба таври маҷбурӣ бо забони узбакӣ дарс мехонанд.
Ба қавли ин донишманди эронӣ, шаҳрҳои Тошканду Тирмиз, Самарқанд ва Бухоро аслан манотиқи форсизабонон аст, ки дар пайи сиёсати диктотурии сталинӣ ба онҳо номи Узбакистон дода шудааст: “Мақомоти Узбакистон бояд иҷоза бидиҳанд, фарзандони Рудакӣ дар ин шаҳрҳо бо забону хатти модарияшон – форсӣ дарс хонанд.”
Фаридун Ҷунайдӣ мегӯяд, бархе ашхос забону хатти форсиро забони илм намедонанд, дар ҳоле ки ҷабру мусалсалот (Алгебра ва Тригонометрия)-ро форсизабонон пешниҳод кардаанд. Ӯ бар ин аст, ки ҳадаф аз миён бурдани омӯзиши забону хатти форсӣ шикаст додани мардуми форсизабон аст: “Вақте паҳлавонро пойу бозуяшро мешикананд, дигар куштӣ гирифта наметавонад ва забони форсӣ ҳам ҳамин тавр аст.”
Ин нависандаи эронӣ таъкид кардааст, ки забони форсӣ ҳамчун забони фарҳанги ҷаҳон шинохта шуда, он мустақиман бо забонҳои куҳани ориёӣ пайвандӣ дорад: “Беҳтарин падидаҳои фарҳангии ҷаҳон бо ин забон – форсӣ навишта шудаанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |