Таҳдиди қатли журналист дар Кӯлоб баъди танқиди мақомот
Аҳмад Иброҳим, муҳаррири нашрияи “Пайк” дар ҷануби Тоҷикистон баъди нашри маводҳои танқидияш дар бораи мақомоти нотариалӣ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандии (ЗАГС) ин минтақа аз сӯи афроди номаълум мавриди таҳдид қарор гирифтааст.
Аҳмади Иброҳим дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, тайи як ҳафтаи охир афроди ношинос ду маротиба бо рақамҳо махфӣ ба ӯ занг зада, бо дашномҳои қабеҳ таҳдид кардаанд, ки то чанд рӯзи дигар ӯро қатл хоҳанд кард. Таҳдидкунанда ба модараш қасам хӯрдааст, ки ин хабарнигорро давоми як ҳафта мекушад.
Аҳмад Иброҳим афзуд, ин таҳдидҳо баъди он сар заданд, ки ӯ ахиран маводеро дар бораи ришвагириҳо дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб ба табъ расонидааст.
Ӯ илова кард, ки дар ҳолати дувум рақамҳои таҳдидкунандаро муайян кард, ки 933067192 мебошанд: “Аз ин рақам занг зада, таҳдид карданд, ки ба хотири нашри мавод дар бораи САҲШ-и Кӯлоб маро ба қатл мерасонанд.” Ба гуфтаи хабарнигор ӯ қаблан низ дар пайи нашри маводи танқидӣ бо масъулини мақомоти нотариалӣ таниши забонӣ доштааст.
Аҳмади Иброҳим таъкид намуд, ки айни ҳол ба Шуъбаи корҳои дохилии Кулоб аз болои ин афроди номаълум шикоят бурда, ҳоло мунтазири натиҷаи тафтишот мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |