Бахшҳо

Ду назар. Марги Тоҷиев далели мавҷудияти шиканҷа аст?

Марги Умедҷон Тоҷиев, узви зиндонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вокунишҳои мухталифро дар ҷомеа ба бор овардааст. Рӯзи 23 январ Ахиран Созмони Авфи Байналмилал низ аз мақомоти тоҷик хостори таҳқиқи ҳарчӣ зуд ва мунсифонаи марги Тоҷиев шудааст. “Озодагон” аз як вакили Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон пурсид, ки оё марги Тоҷиев далели мавҷудияти шиканҷа аст?


Маҳмадшариф НОЗИМОВ, вакили парлумони Тоҷикистон:

“Ростӣ, дар мавриди марги Умедҷон Тоҷиев чизе гуфта наметавонам. Аммо барои бартараф кардани мушкили шиканҷа дар Тоҷикистон давоми солҳои охир мо чанд тағйиру илова ба қонунгузорӣ ворид кардем. Шиканҷа ҳам агар вуҷуд дошта бошад, аз тарафи шахсиятҳои алоҳида вуҷуд дорад. Мо ҳам тағйиру иловаҳоро барои он ворид мекунем, ки ин падидаи номатлуб аз байн биравад. Қонунҳоро мо қабул мекунем ва барои мавриди амал қарор гирифтани он бояд, ки раёсати ислоҳӣ, вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти марбута талош кунад.”

Наргис ЗОКИРОВА, роҳбари Бюро оид ба ҳуқуқи башар ва риояи қонунгузорӣ:

“Ҳукумати Тоҷикистон ҷой доштани шиканҷаро эътироф карда, корҳоеро низ дар ин маврид ба сомон мерасонад. Барои мисол, Тоҷикистон дар соли 2012 дар Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа гузориш дода, ҳамзамон гузоришгари махсуси ин созмонро низ даъват намуд. Агар мо атрофи мизони мавҷудияти шиканҷа ва афзоиши ин ҳолат аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ бигӯем, инҷо ҳукумати Тоҷикистон бо мо розӣ намешавад. Ҳукумати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҳолатҳои ҷой доштани шиканҷа аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афзоиш намеёбад. Вале ман комилан зидди ин мавқеъгирӣ ҳастам. Танҳо вакилони дифоъи мо давоми 2 соли охир 3 парвандаи марбут ба шиканҷаи шаҳрвандон аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доштанд, ки ин кам нест. Ҳоло атрофи парвандаҳои дигар чизе намегӯям. Дар мавриди марги нобаҳангоми Умедҷон Тоҷиев, аъзои ҲНИТ дар натиҷаи латту кӯб шуданаш аз кормандони пулис мо хабар ёфтем. Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии зидди шиканҷа ин падидаро маҳкум карда, изҳороте пахш хоҳанд кард. Тазод ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон аз як тараф эътироф кард, ки зидди шиканҷа тамоми чораҳоро меандешад, то дигарон мавриди шиканҷа қарор нагиранд ва ин ҳам дар ҳолате, ки худи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ин даст мезананд. Гузашта аз ин, моҳи феврали соли ҷорӣ, Хуан Мендес, гузоришгари махсуси Созмони Милал оид ба масоили шиканҷа аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
1
Инбародари Шахида ХУДО рахмат кунад. нафароне ки дар марги ин нафар гунахкоранд Иншооллох дузахиянд....

Наргиз Зокирова худро хомии хукук хисобида, намояндаи ташкилоти чамъияти мебошад, аммо аз у дида намояндаи парлумон ташкилоти давлати хубтару мушахаста посух додааст. Аз посухи Зокирова дида мешавад, ки у метарсад ва ягон хулосаи аник надодааст. Дар бораи марги Умедчон гуфтааст ки акнун изхорот пахш мекунем. Кай? Изхороти шумо баъди боз 2-3 нафарро зада куштар садо медихад? Эх шармандахои пули хоричиёнро мехуреду акаллан озодона сухан намекунед. Хешу табори Хамза Икромзода вакте ки ба Наргиз Зокирова мурочиат карданд кушоду равшан гуфт, ки у бар зидди власть намебарояд метарсад. Аз пули грантхо наметарсед-ку! Аз шумо барин хомиёни хукук хеч фойда нест.

ИН ЗОЛИМОН ИНШООЛОХ САЗОИ ХУДРО МЕБИНАНД!!!! ЛЕКИН ЧАРО ХУКУМАТДОРОНИ МО ДАР ХОБИ ГАФЛАТ РАФТААНД, КИ ЯКБОР САДО БАЛАНД НАМЕКУНАД АЗ РПЕЗИДЕНТ САР КАРДА ТО КОРГАРИ ХУКУМАТИ... ШАХИД У ТОЧИЕВ АЪЗОИ ХНИТ БУДААСТ МЕГУЯНД... МАН БОВАРИ ДОРАМ, КИ вкд ХАМАИ ИН ГУНОРО ТУХМАТ БОФТААСТ, ЛЕКИН ЯКЧИРО ФАРОМУШ НАКУНЕМ, КИ АЪЗОИ ЯГОН ХИЗБ ... БОШЕМ ХАМ, ЛЕКИН ШАХРВАНДИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОНЕМ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)