Бахшҳо
19 дек 2013 16:15Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

"Аз ҳазор зани ҳомилаи тоҷик 54 нафарашон ноболиғанд"

Як таҳқиқот дар Тоҷикистон нишон дода, ки аз ҳазор зани ҳомила ба ҳисоби миёна 54 нафари онҳоро духтарони ноболиғ ташкил медиҳанд.

UNFPA, як ниҳоди Созмони Милал, ин таҳқиқотро таҳти унвони “Мушкилоти ҳомиладоршавии ноболиғон дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ” анҷом додааст. Парвиз Бобоев, масъули дафтари UNFPA дар Душанбе, гуфт, аснои ин таҳқиқот коршиносони маҳаллӣ ҷалб гардида, ба таҳлилгарони байналмилалӣ кумак намудаанд.

“Ин ҳуҷҷат ҳамчун ҳисоботи иловагӣ ба гузориши солонаи UNFPA оид ба нуфус (аҳолӣ) дар ҷаҳон дар соли 2013 нашр шудааст”,-таъкид кард мусоҳиби мо. Вай афзуд, “ин пажӯҳиш, ки барои саломатии модару кӯдак равона шудааст, дар Тоҷикистон барои бори бори аввал анҷом шудааст. Аз руи як ҳуҷҷати дигар - пажӯҳиши тиббӣ-демографӣ низ сатҳи ҳомиладории ноболиғон дар деҳоти Тоҷикистон 54 нафар сари 1000 зан ва дар шаҳрҳо 52 нафар сари 1000 зан рост меояд.”

Дар Тоҷикистон, ки ҷомеаш суннатист, духтарон хеле барвақт издивоҷ карда, зуд дар пайи ба дунё овардани кӯдак мешаванд. Бар асоси таҳқиқоти UNFPA, Гурҷистон, Озарбойҷон, Руминия, Булғористон ва Туркия низ аз ҷумлаи кишварҳое дониста шудаанд, ки мизони ҳомиладории ноболиғон ва занони то 20-сола дар онҳо баланд аст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
"Хомиладори" не, "хомила"! "Хомила" - худ дар таркибаш "дор" хам дорад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)