Оғози гуфтушуниди Душанбею Тошканд барои интиқоли газ
Тоҷикистон барои харидории газ дар соли 2014 бо Узбакистон гуфтушунидро оғоз кардааст.
Саидаҳмад Шарофиддинов, сардори “Тоҷиктрансгаз”, рӯзи 9 декабр, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, аллакай тариқи хаттӣ гуфтушунидро бо мақомоти узбак барои харидории газ дар соли 2014 оғоз кардаем: “Мо дархостро ирсол карда, умед дорем, ки ҷавоби мусбат хоҳем гирифт.”
Ин дар ҳолест, ки Узбакистон аз аввали соли равон интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон қатъ намудааст, ки дар натиҷа ба гуфтаи раиси “Тоҷиктрансгаз” айни ҳол 50 дарсади коргарони ширкат бекор мондаанд: “Нисфи коргарҳоямон дар рухсатии бемуҳлат қарор доранд ва боқимонда ҳоло дар ҷои коранд. Умед дорем, аз соли оянда ҳама ба ҷои кори худ бармегарданд.”
Узбакистон то аввали соли равон ягона таъминкунандаи Тоҷикистон бо гази табиӣ маҳсуб меёфт, ки газаш асосан барои таъмини талаботи корхонаи “Талко” ва “Тоҷиксемент” равона мешуд. Аммо аз аввали соли равон интиқоли газ аз Узбакистон пурра қатъ гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |