Бахшҳо
27 ноя 2013 09:54Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

“Ҷанг”-и адвокатҳои собиқ милисаи ёвонӣ бо муфаттишону додрас

Ҳимоягарони Машраф Алиев, собиқ нозири минтақавии ШКД-и ноҳияи Ёвон, ки сар аз соли 2012 алайҳи ӯ бо гумони шиканҷаи як писари ноболиғ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, натиҷаи тафтишот ва кори додгоҳро “яктарафа” мешуморанд.

Талбон Сафаров, яке аз ҳимоягарони Машраф Алиев, ба хабарнигори “Озодагон” ироа дошт, ки аввалан, айби эълонкардаи муфаттиш ба ҳолати кор мувофиқат намекунад. Баъдан, Раёсати додгоҳи вилояти Хатлон дар асоси эътирози Додгоҳи олӣ муҳлати тафтиши иловагиро дароз намуд, аммо муҳлати дар ҳабс нигоҳдориро зимни тасвиби санади судӣ дароз накард, ки дар натиҷа, зерҳимояи онҳо 7 моҳ боз ғайриқонунӣ дар маҳбас нигоҳ дошта мешавад.

“Мақсади муфаттиш як аст. Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи нишондиҳандаҳоро якранг намояд. Ин корро кард, аммо бо саҳви зиёд”,-зикр кард Сафаров. Вай дар идома гуфт, “гардани кӯдак 33 сантиметр аст ва он вассае, ки ӯ дар он худро ба дор овехта буд, 47 сантиметр дорад. Дар санади азназаргузаронӣ муфаттиш 2 латтаро нишон додааст, ки яктояш 16-сантиметра ва дигараш 30-сантиметра мебошад. Васса якҷо бо гардани кӯдак ҷамъ 82 сантиметрро ташкил менамояд, лек ин латта ҳамагӣ 46 сантиметр дорад. Онро боз ҳам дар гардан ва ҳам дар васса гиреҳ задан даркор буд, ки ин ба назар гирифта нашудааст”.

Ҳамзамон ин ҳимоятгар мегӯяд, ҳини мурофиаи додгоҳӣ эшон талаби пайдо кардани камию кӯтоҳии латтаро кардаанд, ки дар натиҷа, муфаттиш ба ҳангоми тафтиши такрорӣ далелҳои шайъиро нобуд намуда, дафъатан дарозии латтаро 1 метру 19 сантиметр навиштааст. “Дар айби эълоншуда калимаи “банд” истифода шудааст, аммо дар далелҳо рӯймол нишон дода мешавад. Ва бо ин ҳама тафтишот исбот накардааст, ки ин рӯймол ё худ банд оё вазни он кӯдакро мебардорад ё не?”,-афзуд Талбон Сафаров.

Гузашта аз ин, дар истинод ба ҳамин манбаъ, мавзеи шиканҷа суратпазируфта - ҳуҷраи кории Алиев дар ШВКД тафтиш нашуда, далелҳои шайъӣ: корд, қайчӣ аз экспертизаи додгоҳӣ бо ширкати мутахассис гузаронида нашуда, гилеме, ки ноболиғ ҳангоми шиканҷа дидан рӯяш шоша кардааст ва ҳам шими таркардаи ӯ мавриди таҳқиқи экспертизӣ сурат нагирифтааст. Ба иддаои ин ҳимоятгарон, муфаттиш дар мавриди милитсионери гумонбари дигар, ки тибқи шаҳодати ҷабрдида Х.М. дар лату кӯбаш ӯ ҳам даст доштааст, ягон ҳаракати тафтишотии мунсифона нагузаронида, ҳатто кӯшиш ба харҷ надодааст, то шахсияташ муайян карда шавад. “Ҳарчанд қонуни мурофиавӣ гузаронидани ташхиси руҳӣ-судиро дар бобати мукаллаф донистан ё надонистани дилхоҳ айбдоршаванда дар ҷинояти содиркардааш зарур мешуморад, муфаттиш инро низ сарфи назар намуда, ба камбудии ҷиддии дигар роҳ додааст”,-зам намуд Т.Сафаров.

“Ҷанг”-и адвокатҳои собиқ милисаи ёвонӣ бо муфаттишону додрасҲимоятгарони Машраф Алиев - Талбон Сафаров ва Акбар Ҳасанов мегӯянд, ки ҳарчанд камбудиҳои зикршударо ба раисикунандаи мурофиаи додгоҳӣ Бахтиёр Искандаров, додраси Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, ба тариқи шифоҳию хаттӣ чанд карат иброз доштаанд, аммо аз ҷониби ӯ то ҳол ягон тадбире пиёда карда нашудааст. Биноан, рӯзи 26 ноябр онҳо якҷоя бо судшаванда ба унвони Б.Искандаров “радия” манзур намуда, дар он ба ахирӣ гуфтаанд, ки “давом додани мурофиаи судиро аз болои парванда зери раисии шумо имконнопазир мешуморем”. Дар “радия” аз ҷумла, омадааст, ки раисикунандаи мурофиа ба унвони Маъруфхӯҷаи Идимоҳ, ягона шоҳиде, ки гӯё ҳолати воқеии корро беғаразона бозгӯӣ намудааст, ягон маротиба даъватнома ирсол надоштааст. “Дар рафти мурофиа бо иҷозати шумо сабти овоз - нишондиҳандаи шоҳидон, ҷабрдида ва судшаванда гузаронида шуд ва фиттаҳо (дискҳо) бо дархост ба шумо барои ба парванда ҳамроҳ намудан пешниҳод карда шуд, вале шумо ин ҳолатро мавриди баррасӣ қарор надодед ва чун дигар далелҳо кушода мондааст”, - гуфта мешавад дар “радия”-и фавқуззикр. Аммо маврид ба зикр аст, ки ин санад худи ҳамон рӯз аз ҷониби суд рад карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, Алишер Қосимов, айбдоркунандаи давлатӣ, зимни як тамоси телефонӣ ҳамаи ин даъвоҳои ҳимоятгаронро рад карда, гуфт, ки “суханҳои онҳо беасос буда, на ҷанбаи ҳуқуқӣ доранд ва на бо далелҳо исбот карда шудаанд”. Мавсуф ба ҳолати номаълум мондани шахсияти нафари дувуми гумонбар дар шиканҷаи ноболиғ Х.М. низ дахл карда, минҷумла чунин гуфт: “Муфаттиш барои пайдо кардани нафари дувуми гумонбар 8-10 милитсионерро бо ҷабрдида рӯ ба рӯ кард, аммо ӯ он шахсро миёни онҳо нашинохт”.

Самариддин Давлатов, муфаттиши Додситонии ноҳияи Ёвон, он фарде, ки ҳимоятгарони Машраф Алиев бисёри ноҷуриҳоро дар парвандаи зерҳимояашон ба ӯ нисбат медиҳанд, қавли Алишер Қосимовро як қадар такрор кард. “Мо онҳоро тасдиқ намекунем ва дастгирӣ ҳам намекунем, чунки онҳо ҳамчун адвокат аз ин корҳо манфиатдор ҳастанд”,-тазаккур дод Давлатов.

Умед Ниёзов, ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида, гуфт, ки бовар дорад, мурофиа ба фоидаашон ҳал мешавад, чун онҳо исбот карда истодаанд, ки шиканҷа сурат гирифтааст ва далелҳои шайъӣ, хаттӣ, шоҳидон ҳамааш мавҷуд мебошад. Аммо мавсуф даъвоҳои ҳимоятгарони Машраф Алиевро рад карда, онҳоро беасос хонд. “Судро фиреб додан ин худаш ҷиноят аст. Нишондиҳандаҳо аз аввал то ҳол якхеланд. Дар парванда, дар акс низ рӯймол нишон дода шудааст. Ман намедонам онҳо калимаи “банд”-ро аз куҷо ёфта бошанд? Ҳамаи инро суд ҳал мекунад, вале айбдоршаванда бо дастрасии ҷурмҳои муайяншудае, ки мо онҳоро қабул дорем, бояд на кам аз 10 то 15 сол маҳкум ба ҷазо гардад”,-афзуд ӯ.

Дар ин росто, Машраф Алиев дар мурофиае, ки дар Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нисбат ба ӯ дувумбора давоми беш аз як моҳ боз сурат гирифта истодааст, изҳор дошт, айби эълоншуда сохта аст. “Барои ман шиканҷа намудани ҷабрдида ягон мантиқе надошт, зеро на ман ӯро даъват карда будам, балки хешовандонаш ӯро ба ШВКД-и ноҳия оварда буданд. Ман нисбат ба ҷабрдида ягон хел шиканҷа накардаам, ҳамаи он ваҷҳҳое, ки дар парванда оварда шудаанд, бофтаанд", - илова кард Машраф Алиев.

Ба иттилои мақомот, Машраф Алиев рӯзи 29 июни соли 2012 гӯиё Х.М.-и 16-сола, сокини деҳаи Кӯлободи ноҳияи Ёвонро бо гумони дуздӣ боздошт намуда, дар истинод ба мақомоти тафтишотӣ, ҳангоми бозпурсӣ нисбат ба ӯ шиканҷаи ҷисмониро раво дидааст. Х.М. пас аз ба хона баргаштан аз қаҳри он, ки ӯро бо дуздӣ муттаҳам карданианд, талош ба худовезӣ кардааст, лек ақрабояш сарҳангом воқиф гашта, ресмони дорро аз гарданаш раҳо кардаанд. Гуфтанист, ки парвандаи ҷиноӣ қаблан дар Додгоҳи ноҳияи Ёвон баррасӣ ва файсала гардида, муҳлати адои ҷазо 7 сол муқаррар шуда буд, аммо Суди олии кишвар бо назардошти он, ки муқаррароти моддаи 143, прим 1, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” ва “аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гардидан” аз он сарфи назар шуда, шахсияти гумонбари дувум муайян нагардидааст, эътирози назоратӣ ироа намуд.

Ҳамакнун Талбон Сафаров ва Акбар Ҳасанов, ҳимоятгарони Машраф Алиев, мегӯянд, дар баробари ин ҳама иқдоми ба қавли эшон, ғайримунсифи муфаттиш таҳаммул нахоҳанд варзид. “Ҳар нафаре, ки ин кори ғайриқонуниро ташкил кардааст, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд, то зерҳимояи мо ноодилона суд карда нашавад”,-гуфтанд онҳо.

Парвандаи фавқ пас аз ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноии кишвар ҳарчанд кори нахустини ба ҷавобгарӣ кашидани корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сартосари Тоҷикистон аст, аммо дар вилояти Хатлон охирин нест. Чанде қабл аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа Нусрат Ёдгоров, ваколатдори фаврии шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД-и шаҳри Сарбанд низ бинобар даст нарм кардан ба шиканҷаи шаҳрванд Ҷӯрабек Сатторов ва бо ин васила гуноҳи содирнакардаро ба ӯ ҳавола намудан ба 2 соли адои санҷишии ҷазо маҳкум карда шуд.

Муҳибуддини СОБИР,
“Озодагон”

Дар акси аввал (аз чап ба рост): ҳимоягарони Машраф Алиев Акбар Ҳасанов ва Талбон Сафаров


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
мухтарам талбон Сафаров ва Акбар Хасанов агар ар вакти дар прократура кор карданатон ки дар он вакт одамро одама медонистед ба конушикани ро надода аз ру инсоф кор мекрдед имруз ин дъвохои шмо асос дошт.дар руфият мегуянд ки АЗ МУКОФОТИ АМАЛ ГОФИЛ МАШАВ холо зинда бошем боз мебинем.дур нест он рузе ки аз методхои собикатон нисбати ягон наздиконатон истифода мекунанд. ана дар он вакт чи мегуфта бошед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)