Баҳси одоби журналистони тоҷик ва нигоҳе ба қазияи Тутубалина
Кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо баргузории як конфронси ҷумҳуриявӣ одоб ё худ этикаи касбии журналистони тоҷикро ба баҳс кашидааст.
Сангин Гулов, дотсент, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи Миллӣ дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, конфронс, таҳти унвони «Риояи меъёр ва принсипҳои байналхалқии этикаи касбии журналистӣ дар журналистикаи тоҷик», 22-юми ноябр, оғоз гардида, имрӯз, 23-юми ноябр идома хоҳад дошт.
Ба иттилои Гулов зимни ин ҳамоиш мутахассисони журналистика, масоили марбут ба одоби журналистика дар расонаҳои хориҷӣ, одоби баҳс дар матбуот, меъёрҳои ахлоқӣ ва матбуоти саргармкунанда, ҷанбаъҳои ахлоқии истифодаи иттилооти телефонӣ дар телевизион, мушкилоти ахлоқӣ дар журналистикаи сиёсии тоҷикро мавриди баҳс қарор медиҳанд.
Дар робита ба матлаби Олга Тутубалина, “Неинтеллигентно об интеллигенции”, ки нашраш дар ҳафтаномаи “Азия Плюс” баҳси додгоҳии зиёиён бо муаллиф ва нашрияро ба бор овард, Сангин Гулов гуфт, “Тутубалина қонунро вайрон накардааст, гумон мекунам, даъвогарон алайҳи ин журналист иштибоҳ мекунанд, зеро ин масъала бештар ҷанбаи ахлоқӣ дорад, на ҳуқуқӣ”.
Сангин Гулов таъкид намуд, ки меъёрҳои ахлоқӣ низ ба таври умум дар матлаби Тутубалина нақз нашудаанд, чун муаллиф аз иқтибос кор бурда, сухани Ленинро дар мавриди зиёиён истифода кардааст.
Аммо Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн ва маъзаратхоҳии расмиро талаб доранд.
Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |