Бахшҳо
19 ноя 2013 12:27Тоҷикистон / Сиёсат

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Шарифов ва маъмурӣ алайҳи Ҳукумов ва ҳамсараш

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, нисбат ба Умар Шарифов, яке аз муттаҳамони садамаи шаби 9 октябр, ки бо иштироки БМВ-и Расули Амонуллои 16-сола, писари раиси Роҳи оҳан дар маркази Душанбе иттифоқ уфтода буд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба иттилои мақомоти ВКД, Умари 21-сола сокини пойтахт буда, пештар бар асоси моддаи 237, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне авбошӣ, маҳкум шудааст. Мақомоти ВКД дар торнамои расмии ин вазорат навиштаанд, “ҳоло нисбат ба Умар Шарифов тибқи моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (барои истифодаи воситаи нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду нафар ё бештар аз он шудааст) оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дорад.” Барои ин кор дар Кодекси ҷиноӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, 19 ноябр, ВКД расман эълон кард, ки алайҳи волидони Расули Амонулло -- Амонуллои Ҳукуматулло (Ҳукумов), раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ва ҳамсари ӯ низ дар робита ба ин ҳодиса парвандаи маъмурӣ боз намудааст. Падару модари Расули 16-сола барои “беэътиноӣ ва бемасъулиятӣ нишони додан дар таълиму тарбияи фарзанди ноболиғаш Расули Амонулло тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон” муттаҳам мешавад. Мақомот мегӯянд, ҳоло аз рӯи ин протокол тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фиристода шудааст.

“Санади мазкур барои вайрон намудани талаботи моддаи 8, сархати 17-и Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзанд) тартиб дода шуда, тафтишоти парвандаи ҷиноятии садамаи нақлиётӣ бошад, идома дорад",-навиштааст торнамои расмии Вазорати умури дохилӣ.

Садамаи шаби 9 октябр, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтод, се кушта бар ҷой гузошт. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писраи 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Ҳоло мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ будааст.

Бо ин ҳол, ин садамаи маргбор дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро ба бор оварад. Дар пайи эълони номи Расули 16-сола дар ин садама аксҳои мухталифи ӯ бо мошини БМВ-яш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, хабари ба Олмон фирор кардани ӯ низ паҳн гардид. Аммо Амонуллои Ҳукуматулло ин ҳамаро иттиҳоми сохтаву бофта номида ва гуфт, расонаҳо дар мавриди садамаи шаби 9 октябр ахбори беасос ва носанҷида нашр мекунанд.
Мӯҳр
Разон
ин Умар Шарифоваш ки бошад? Акаллан аксашро нишон дихед

дуруг нест
дар нисфи шаб мастию харроми карда гаштан. Окибат хаминхел мешавад. Расонахоро чи дуруг мебарарен мошин ба номи Хукумов хамааш маълум. Хозир чавоб нагуяд иншоолох як руз чавоб мегуяд.

Бечораи Умар бало монд ВКД ба раиси рохи охан зурашон нарасид айбро ба ки бор карданашонро наёфтан ба гардани у бор мекунан вой бар холат Умар

ввп
ВКД қудраташро дар назди халқ гумкард ин Рамазон Раҳимови таърифиҳам як тарсуи мансабчу будааст. Ҳоло бине Эмомали Раҳмон Чи мегуяд.

ввп
коре кади сари падарта хурди Расул братишка. Асрор Гесда биё як хдои бкн Музафар Ҳичкара накштай Ҳозирашда

Разон,
Ба назар мерасад, ки Умар Шарифов шахси бофташуда аст. Агар шахси воқеъӣ мешуд, кайҳо аксҳояшро дар матбуоту инет чоп мекарданд. Расули Амонулло ин дафъа ҳам аз об хушк баромада истодааст. Барои он бангзаниҳо ва нигаҳ доштани туфангчаи ғайриқонунӣ кӣ ҷавоб медода бошад? Маълум аст, ки на падару модар ва на худи Р.А. Ин аст қонунгузории Тоҷикистони имрӯза.

Назар87
Это сигнал того, что шович не виноват.

Ин хама сохта хаст. Агар инро як камбагал мекард чояшба суд карда 20 сол медоданд, вале афсус ки ин одамхои обруманди Точикистон хастанд имруз махкам кунанд шаб бароварда дигар давлат ё дигар хонаба чойкарда боз мошин дар дасташон мегарданд дар кучахои шахр. Дунё хамин будаст факат бояд азобу шиканчохоро одамхои камбагал кашанд чаро ин гунахкор хаст чора холиям тафтишот давом дорад.

ффф
Агар Расул Бегунох барояд ман ва онхое ки ба ман итоат мекунанд ба гурухи ту мепайвандем ва хачизеки шефи ту хохад мекунем

Э войййййййййййй додддддддддддддддддд чи хел доказать кардан ки за рулем Расул нею Умар шарипов будааст барои чи нисбати расул дело накушодан.

далер
ин котили 3 чавон чаро дар зиндон неву Зайди бегунох дар зиндон??

томирис
Мухтарам Хукумов бас будагист, хуб шарманда шудед. Ман хайронам хануз 15- 20 сол пеш касе нони хурдан надошт, акнун ин кадар милиардерхо дар Точикистони кучаки мо аз кучо пайдо шуданд. Аз "мафияи Итолиё" гузаронидед. Як бечора бо каме гунох дар дасти макомот афтад пул ки надорад бегунох хам бошад мешинад. Аммо он чизе ки одамон бо чашми худ дидаанд онро дидан. кабул намудан намехоханд. зеро он писари "Хукумовбаринхо" хаст. Сад афсуси миллатам!

Тоҷик
Умар капат дуде кард ки пажарнико ба дардат намехуранд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)