Масъулини Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо номае аз сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон дархост кардаанд, то рўйхати калонтарин ширкатҳои содиркунандаи гўшти ин кишварро ба Палата пешниҳод намояд.
Асаналӣ Карамалиев, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, пас аз маълум кардани номгўи ширкатҳои содиркунандаи гўшти Ҳиндустон, кўшиш мекунанд, то бо онҳо ҳамкориро ба роҳ монанд.
Бино ба гуфти коршиносон, гов дар Ҳиндустон ҳайвони муққадас маҳсуб меёбад, гўшташ миёни истеъмолкунандагон талабгори зиёд надорад ва мувофиқан нархаш арзон аст. Ба ин далел, таҳлилгарон мўътақиданд, ки Ҳиндустон метавонад, бозори гўшти ҷумҳурии моро бо маҳсулоти арзон таъмин созад.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон нархи як кило гўшти гов ҳудуди 23 – 25 сомониро ташкил медиҳад. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои пешгирии қимматшавии гўшт дар пойтахт, ба қассобон 4 миллион сомонӣ қарзи бефоиз дода, тақозо дорад, ки як кило гўшти говро аз 23 ва як кило гўшти гӯсфандро аз 24 сомонӣ боло нафурўшанд. {jathumbnail off}
Мӯҳр