23 октябр 2017, 11:44
Дар шаҳри Урали вилояти Қазоқистони Ғарбӣ як хонандаи 14-солаи мактаб ҳамдарси худро бо силоҳи шикорӣ паррондааст. Нозири калони Раёсати умури дихилии Урал Динора Абдулхолиқова дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ин ҳодиса 20 октябр дар натиҷаи беэҳтиётӣ рух додааст.
19 сентябр 2017, 11:54
Серикбой-кажи Ораз, ноиб-муфтии Қазоқистон дар ҷаласаи порлумонӣ хабар дод, ки дар як соли охир дар ин кишвар ҳудуди 300 пайрави ҷараёнҳои тахрибгар "аз ақидаҳояшон баргаштаанд".
6 сентябр 2017, 09:47
Ойсултон Назарбоев, набераи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Фейсбук ба таври ошкоро чи гуна ба маводи мухаддир муътод шуданашро нақл карда, ҳамчунин гуфт, бобояшу Xудованд ӯро аз ин бадбахтӣ наҷот доданд.
23 август 2017, 16:46
Хадамоти марзбонии Қазоқистон мегӯяд, ҳашт шаҳрванди Сурияро боздошт кардааст, ки мехостанд, бо шиносномаи қалбакии Булғористон тариқи ин кишвар ба Аврупо бираванд.
7 август 2017, 16:10
Вакили шӯрои вилояти Ҷамбили Қазоқистон Кайрат Терликбоев овехта дарёфт шуд. Бино бар хулосаҳои пешакӣ, вай худкушӣ кардааст. Додситони вилояти Ҷамбил хабар дод, ки ҷасади Терликбоеви 56-сола 5 август дар манзилаш ёфт шудааст.
31 июл 2017, 17:08
Бештар аз 20 фаъоли шаҳрвандии шаҳри Алматои Қазоқистон 29 июл ба бархе аз роҳбарони кишварҳои Ғарб, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва чанд созмони байналхалқии демократӣ мактуб фиристоданд.
19 июл 2017, 15:30
Хабаргузории France-Presse бо истинод ба як "манбаи хабарӣ"-и худ иттилоъ медиҳад, ки Интерпол ё пулиси байналмилалӣ номи раҳбари пешини бонки БТА-и Қазоқистон Мухтор Аблязовро аз феҳристи афроди таҳти ҷустуҷӯ дар вебсайти расмии худ ҳазф кардааст.
11 июл 2017, 18:08
Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев тағйиру иловаҳо ба қонунгузории кишварашро барои мутобиқ гардонидани онҳо бо Конститутсия имзо кард.
6 июл 2017, 10:15
Рэпсароии як писаразани 78-сола дар Қазоқистон мавзӯи аслии баҳси аксар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст. Марям Ҳамраева мегӯяд, баъди он ки рэпсароии наберааш – Дилшодро гуш кард, тасмим гирифт, ҳамроҳи ӯ тарона иҷро кунад. “Ман гуфтам эҳтимол аз ту хубтар мехонам”,-мегӯяд ӯ дар як навори видеоӣ.
3 июл 2017, 11:01
Президенти Русия Владимир Путин созишномаеро, ки миёнаҳои солҳои 1990 дар бораи иҷораи машқгоҳи Эмба бо ҷониби Қазоқистон баста шуда буд, бекор кард.
21 июн 2017, 10:15
Ҳукумати Қазоқистон номи фурудгоҳи Остонаро тағйир додааст. Акнун ин фурудгоҳ номи раисҷумҳурро дорад.
12 май 2017, 14:03
Судиҷрочиёни шаҳри Остонаи Қазоқистон барои холӣ кардани манзили Уябоевҳо омаданд, ки дар деворҳояш аксҳои президент Нурсултон Назарбоев ширеш шудааст.
8 май 2017, 17:21
Хатмкунандагони донишгоҳи кишоварзии Қазоқистон хабар доданд, ки аз онҳо барои ҳизби президентии "Нур Отан" маблағ ҷамъ меоранд ва бархеҳоро иҷборан ба сафи ҳизб ҷалб месозанд.
4 май 2017, 08:57
Ҳайати мухолифони Сурия ширкати худро дар даври навбатии гуфтугӯҳои сулҳ, ки дар Остона барпо мешавад, бо нишони эътироз аз идома ёфтани бомбаборонҳо дар Сурия, қатъ карданд. Дар ин бора расонаҳои байналхалқӣ хабар медиҳанд.
24 апрел 2017, 10:00
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон шарҳ дод, ки шаҳрдори хуб пеш аз омадани Президент бояд чӣ кор кунад.