19 октябр 2017, 11:44
Давоми нуҳ моҳи соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 52 корхонаи нав ба фаъолият оғоз кардааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси вилоят ба “Озодагон” хабар доданд.
16 октябр 2017, 19:28
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи электронии гарави амволи ғайриманқул ва низоми электронии бақайдгирии қарзҳо ташкил гардад.
16 октябр 2017, 15:25
Ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” нархи чиптаи парвоз дар масири Тошканд – Душанбе – Тошкандро боз арзон кард.
16 октябр 2017, 12:02
“Мушоҳида мешавад, ки аксри давлатҳои пешрафтаи арабӣ дар самти тиҷорату сармоягузориҳо таваҷҷуҳи бештар ба давлатҳои ғарб доранд. Дар баробари ин, давлатҳои мо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф имконоту иқтидорҳои бузурги ҳамкорӣ доранд, ки метавон онҳоро дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд дар ҳамдастӣ бо давлатҳои арабӣ истифода намуд”.
12 октябр 2017, 17:00
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Петер Буриан, намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи марказӣ, масъалаи рушди ҳамкориҳоро дар низоми бонкӣ баррасӣ намудаанд.
12 октябр 2017, 16:18
Гурӯҳи вакилони парлумон ва масъулини соҳаи тандурустии Тоҷикистон ғанигардонии ордро бо витамину минералҳо роҳи осон ва арзони таъмини аҳолӣ бо ғизои солим медонанд. Коршиносон бонги изтироб мезананд, ки норасоии микроэлементҳои ғизоӣ боиси камхунию камвазнӣ ва бемадорию нотавонии одамон гардида, пайомадҳои дарозмуддат барои солимии аҳолӣ ва пешрафти иқтисодии кишвар дорад.
12 октябр 2017, 10:56
Вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе- Қӯрғонтеппа”-ро ҷонибдорӣ намуданд.
11 октябр 2017, 15:01
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як корманди филиали “Бонки Эсхата” дар шаҳри Душанберо боздошт кардааст.
11 октябр 2017, 14:33
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, имрӯз, 11-уми октябр бо имзои як қарор фаъолияти “Бозори Шоҳмансур”-и пойтахтро қатъ кардааст.
10 октябр 2017, 15:53
Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки имрӯз, 10-уми октябр дар кишвар бонки нав “Коммерсбонки Тоҷикистон” ба фаъолият оғоз кард.
10 октябр 2017, 15:32
Чаро нархи билетҳо аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс, ба таври мавсимӣ болову поён мераванд? Суолест, ки ҳеч посухи қонеъкунанда пайдо накардааст. Нархи сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо, хизматрасониҳои фурудгоҳӣ, хизматрасонии аэронавигатсия… ба таври мавсимӣ каму зиёд намешавад, аммо нархи билетҳо вобаста ба фаслҳои сол якбора 100 дарсад ва аз он ҳам бештар гарон мешавад ва гоҳҳо ҳам ба ҳолати пешазмавсимӣ поён меояд. Инро мешавад худсарии ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон номид, на чизи дигар.
9 октябр 2017, 09:25
Намояндагии ширкати “Узбекистон ҳаво йулларӣ” дар Тоҷикистон эълон кард, барои ҷалби бештари мусофирон дар хатсайри Душанбе – Тошкнад арзиши билетро то 200 сомонӣ, муодили бист доллар, поин овардааст.
7 октябр 2017, 10:13
Мақомоти милиса алайҳи як мизоҷи “Тоҷпромбонк” барои сари вақт барнагардондани маблағи бонк парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.
5 октябр 2017, 10:22
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе панҷ корманди филиали “Тоҷпромбонк” дар Шаҳринавро дар маҷмӯъ барои 54 солу 6 моҳ равонаи зиндон кардааст. Ин афрод дар “азхудсозии маблағи бонк” муҷрим шинохта шудаанд.
4 октябр 2017, 09:26
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон аз сармоягузорон ва кишварҳои иштирокдори лоиҳаи CASA-1000 даъват намудааст, ки сохтмони амалии онро ҳар чӣ зудтар оғоз кунанд.