ВКД дар ҷилавгирӣ аз амалҳои номатлуб бо донишгоҳҳо ҳамкорӣ карданист
Ҷилавгирӣ аз кирдорҳои ҷиноӣ ва мусоидат ба маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз мавзӯи аслии мулоқоти Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори Вазорати корҳои дохилӣ бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ будааст.
Аз ВКД ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот полковники милиса Рустам Миралиев, сардори раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори гуфтааст, “танҳо дар якҷоягӣ бо ибтикору ҳамдилӣ метавонем ба ҳама гуна зӯроварию ҷиноятпешагӣ ғолиб оем”.
Ӯ донишҷӯёну устодонро ба ҳамкорӣ бо мақомоти милиса даъват карда афзудааст, ки беҳтарин омили пешгирии ҷиноят дар ҷомеа аз ҳисоби донишҷӯёни фаъоли донишгоҳу донишкадаҳо зиёд кардани теъдоди дӯстони милиса -- «Дружиначиёни ихтиёрӣ» мебошад.
Манбаъ мегӯяд, раҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тасмим гирифтааст, чунин мулоқот бо донишҷӯёнро ба таври доимӣ ба роҳ монад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |