Боздошти ду нафар бо иттиҳоми қочоқи маводи нашъадор
Ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки қаблан барои содир кардани ҷиноятҳои ниҳоят вазнин аз озодӣ маҳрум шуда буданд, бо иттиҳоми интиқоли 5 кило каннабис дастгир кардаанд. Дар ин бора ба “Озодагон” аз Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон (АНМН) иттилоъ доданд.
Кормандони оперативии АНМН зимни амалиёти махсус дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 30-солаи ноҳияи Муминободи вилояти Хатлон ва истиқоматкунандаи 53-солаи ноҳияи Рӯдакиро боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, аввалӣ қаблан барои фурӯши маводи мухаддир ва дувумӣ барои таҷовуз ба номус суд шуда буданд.
“Аз дастгиршудаҳо халтаи селофание мусодира гардид, ки дар дохилаш маводи растанимонанди бӯи махсусдошта пинҳон карда буданд. Мутобиқи маълумотномаи Лабораторияи ташхиси судии АНМН маводи мухаддири мусодирагардида навъи каннабис буда, вазни он 5 килоро ташкил дод. Ҳоло барои муайян кардани сарчашмаи дастрас намудани мухаддирот ва шахсони дигари ба ин ҷиноят ҳамроҳ, чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ гузаронида мешаванд”,-афзуд сарчашмаи хабар.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |