Вазир барои садама дар Данғара мансабдори БДА-ро ронд
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, Насим Имомов, командири дастаи хадамоти роҳбонӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлобро аз вазифааш озод намуд.
Аз Вазорати корҳои дохилӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки озод кардани Имомов ба садамаи нақлиётии рӯзи 28-уми апрели соли равон дар ҳудуди Данғара марбут аст, ки боиси марги 8 нафар гардида буд. Ба гуфтаи манбаъ Насим Имомов барои хунукназарию беэътиноӣ ва беназорат гузоштани ҳайати шахсӣ, ки боиси таъмин накардани бехатарии ҳаракат дар роҳ гаштааст, бо фармони вазир аз вазифа сабукдӯш гардид.
Ҳамчунин барои дар сатҳи паст қарор додани фаъолияти назоратию ташкилӣ аз болои рафти хизматбарии ҳайати шахсӣ, ки дар натиҷа таъмини тартибот ва амнияти бехатарии иштирокчиёни ҳаракати роҳ коста гардидааст, ба сардори шӯъбачаи БДА оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, майори милитсия Фозилов Дилшод Хушқадамович ҷазои интизомӣ дар намуди «танбеҳ» эълон карда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |