Ба бинои ДМТ дар Душанбе гази ашковар партофтаанд
Субҳи имрӯз, 10-уми май, афроди номаълум ба бинои рақами 7-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи молия ва иқтисод, гази ашковар партофтаанд.
Ин нуктаро дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” масъулини факулта тасдиқ карданд, аммо аз шарҳи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ намуданд. Ба иттилои манбаъ намояндагони амният аллакай аз ҷои ҳодиса дидан кардаанд ва тафтишоти қазия идома дорад.
Донишҷӯёни шоҳиди ин ҳодиса ба “Озодагон” гуфтанд, ки аз гази ашковар тақрибан 5-6 нафар зарар диданд, вале ҳоҷат ба бистарӣ шудани онҳо дар беморхона набуд, чун осеби онҳо ночиз арзёбӣ шудааст. Донишҷӯён мегӯянд, ин қазия раванди таълимро дар факулта халалдор накард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |