Ҷавонон ба президент чӣ суолу пешниҳод доранд?
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 23-юми май бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо намояндагони насли нави тоҷик мулоқот хоҳад кард. Хабарнигори “Озодагон” аз чанд ҷавон дар мавриди суолу пешниҳодҳояшон ба президент пурсон шуд.
Ёқуби Саид, хабарнигори ҷавон
-Суол нею ҳарфи гуфтанӣ дорам, чун мушкилоте, ки имрӯз ҷавононро домангир аст бо суолу ҷавоб ҳал намешавад. Решаи мушкилии ҷавонон фаротар аз сатҳи суолу ҷавоб рафтааст. Масалан, мегуфтам, ки ба назари ман ҳукумати Тоҷикистон умуман дар фикри шароити мусоид офаридан барои ҷавонон нест. Ҳоло мушкилии аслии аксарияти кулли ҷавонон бесарпаноҳ, манзили шахсӣ будан аст. Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкили чӣ кор кардааст? Мутаассифона, ҳар ҷавобе, ки ҷаноби президент бидиҳад, аз хамин ҳоло қобили қабул нест. Дар намунаи баъзе аз кишварҳои иҷтимоӣ мебинем, ки барои ин табақаи ҷамъият имтиёзи зиёде муҳайё шудааст. Бонкҳо карзҳои камфоизи дарозмуддатро барои 10-15 сол ба ҷавонон ҷудо мекунанд, ки тавонанд мушкилии сарпаноҳашонро ҳал кунанд. Ин танҳо як масъала аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт, метавон бо боварӣ гуфт, ҷавоби мусбат надорад. Дар умум, мушкилии ҷавон ҳалқаҳои як занҷири ба ҳам васлшударо мемонад. Аз ин қабил ҳарфхоро бояд ба ҷаноби президент расонид, то ки дар банди ҳисоботи бардурӯғи вазирону раисонаш ғофил намонад.
Mуслиҳиддини Иброхимзода, ҷавони муҳоҷири тоҷик
Хоҳиши мо аз президенти Тоҷикистон ин аст, ки дар мулоқоташ бо ҷавонон ба ниҳодҳои зертобеи ҳукумат дастур бидиҳад, ки ба ҷавонони ободкор шароити бештар фароҳам оваранд, то ҷавонон аз ғарибӣ ба ватан баргашта, корхонаву фабрикаҳои хурд кушоянду дар ватани худ соҳиби як бурда нон шаванд. Ба ҷавононе, ки ба чунин кор қодиранд имконият бидиҳанд, мудати 2 - 3 сол аз онҳо андоз наситонанд. Зеро ҷавонон бисёр хаста шудаанд.
Фариштамоҳ Гулова, ҷавондухтари тоҷик
Суоли ман ба ҷаноби президент ин аст, ки чаро бонкҳои Тоҷикистон ба ҷавонон имкони гирифтани қарзҳои дарзозмуддатро барои харидории манзили зист намедиҳанд? Чаро имкон намедиҳанд, ки ҷавонон вақте ки хохиши ин гуна амалро доранд, дар ягон бонки ҷумҳурӣ чунин имкон дода намешавад? Чаро дар Тоҷикистон нархи иҷора ва харидории хона ба мисли Аврупо шудааст? Доир ба ҳамин суолҳоям пешниҳоде дорам: Агар роҳбари кишвар хоҳад ки мутахассисони хуб аз кишвар дур нашаванд шароит мусоид фароҳам овардан зарур аст. Дар навбати аввал дар бинои навсоз имкони гирифтани хонаҳои давлатӣ ва пас аз муҳлати кории муайян тӯҳфа намудани он ба роҳ монда шавад.
Далер Саидмуродов, сокини Душанбе
Ман мехостам, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоташ бо ҷавонон таъкид созад, ки дар назди шӯъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар комиссияи доимамалкунанда ташкил шавад ва ин комисия нафарони болаёқатро танҳо аз оилаҳои камбизоат ҷудо карда, бо фонди махсус маблағи будубош ва таҳсили онҳоро пардохт намояд ва ин истеъдодҳо барои хамеша аз даст нараванд. Мисоли одӣ соли 2005 мактаби миёнаи №1 ба номи И.П. Разин, яъне мактаби моро наздики 100 нафар хатм кард. Аз ин шумора наздики 15 нафар аълочиён бинобар сабаби камбизоатӣ таҳсилро давом дода натавонистанд ва аксар маҷбур шуда ба Федератсияи Русия ба мардикорӣ рафтанд.
Бунафшаи Абдураҳим, ҷавондухтари тоҷик
Пешниҳодам ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамин аст, ки як нашриёти махсус аз фонди худи президент барои ҷавонон ташкил карда шавад, то ин ки ҷавонон бе ягон мамоният китобҳои худро ба табъ расонанд. Пешниходи дигарам ин аст, ки миқдори квотаҳои президентӣ зиёд карда шуда, дар ҳамаи соҳаҳо ташкил карда шавад. Зеро дар баъзе ноҳияҳо квота танҳо дар соҳаи омузгорӣ асту бас.
Аҳлиддин Салимов, журналисти ҷавон
Мехостам роҳбари имрӯзи кишвар дар мавриди ҷойи кор, таҳсил ва ояндаи ҷавонони муҳоҷир бештар талош мекарданд. Дар мавриди таҳсили ҷавонон бошад, намедонам бо кӯшиши кӣ имрӯз гурӯҳҳои буҷавӣ дар тамоми Донишгоҳу марказҳои таълимӣ кам гаштааст, яъне шахси донишдошта наметавонад таҳсили худро баъди хатми мактаб идома диҳад. Дар ҳоле ки бештари мардуми кишвар камбизоатанд. Пешниҳод мекардам ислоҳотро аз худи Кумитаи ҷавонон оғоз кунанд. Мутахассис ва роҳбарии ин кумита аз ҷониби ҷавонон ба кор ҷалб шаванд. Барои тундгаро ва ифротгароии ҷавонон чораҳо андешанд. Шурӯъ аз мизи мактабӣ, таълими динӣ ба роҳ монда шавад. Маоши муаллимон баробар бо маоши депутатҳо боло бурда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |