“Таҳдид ба ҷону моли Зайд Саидов ӯро аз сиёсат бознамедорад”
Ҳизби навтаъсиси “Тоҷикистони нав”, имрӯз, 10-уми май як ҷаласаи изтирориро баргузор намуда, аз таъқибу таҳдид ба ҷону моликияти роҳбарашон Зайд Саидов хабар дод.
Ин нишаст, бе ҳузури Зайд Саидов, раҳбари ҳизби навтаъсиси “Тоҷикистони нав” ва яке соҳибкорони муваффақи тоҷик сурат гирифт. Маҳмудҷон Қосимов, як аз ташаббускорони “Тоҷикистони нав” дар мавриди сабаби ҳузур надоштани Саидов гуфт, ки чанд лаҳза қабл аз оғози ҷаласаи изтирорӣ Зайд Саидовро ба таври оҷилӣ мақомоти умури дохилӣ даъват карданд.
Қосимов афзуд, ки баъди эълони таъсиси ҳизби нав ба унвонии Зайд Саидов пайёмакҳое расидаанд, ки дар онҳо аз ҷумла таъкид шудааст, “агар ӯ аз таъсиси ҳизб даст накашад, ба ҳалокат хоҳад расид.” Дар матни паёмак инчунин баъзе таҳқирҳое омадаанд, ки Қосимов аз ифшои онҳо худдорӣ кард.
Қосимов таъкид намуд, ки ахиран мақомоти тоҷик тафтишоти корхонаю ширкатҳои Зайд Саидовро пурзӯр намудаанд ва ин ҳам ба таъсиси ҳизби сиёсӣ аз ҷониби ӯ марбут дониста шудааст.
Қосимов тавзеҳ дод, ки ҳадафи “Тоҷикистони нав” на иштирок дар интихоботи президентӣ, балки ширкат дар интихоботи парлумонӣ мебошад: “Мо дарк мекунем, ки барои таъсиси ҳизб каме фурсати номуносиб интихоб шудааст, чун дар арафаи интихобот вазъ ҳассос аст. Аммо мо аз ин иқдоми худ даст нахоҳем кашид. Гарчанде то ин андоза пеш омадани мушкилотро интизор набудем.”
Ба гуфтаи Қосимов мақомоти амният ва умури дохилӣ тавассути як мактуб аз муассисони “Тоҷикистони нав” кафолат хостаанд, ки фаъолияташонро тибқи қонунгузории кишвар ба роҳ хоҳанд монд: “Мо тибқи қонунгзорӣ фаъолият мекунем ва он ҳама сару садоро, ки гӯиё “Тоҷикистони нав” бозичаи сиёсии гуруҳе бошад, қотеъона маҳкум мекунем.”
Ӯ инчунин илова намуд, ки бо эҳтимоли зиёд Зайд Саидов аз роҳбарии Шӯрои ҳамоҳангсозии асоссиатсияҳои соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки нав ба ин симмат таъин шуд, базудӣ сабукдӯш хоҳад шуд: “То имрӯз, тавассути телефон наздик ба 30 раҳбари ташкилотҳои узви Шӯро ба мо гуфтанд, ки зери фишори мақомот изҳоротеро ба имзо расондаанд, ки дар он истеъфои Зайд Саидов талаб шудааст.”
Зайд Саидов яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон ахиран аз таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” хабар дода, афзуд, ки самти асосии фаъолияташ беҳбуди вазъи иҷтимою иқтисодии кишвар хоҳад буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |