Боздиди ғайриинтизори Меркел аз Афғонистон
Ангела Меркел, конслери Олмон бо як сафари аз қабл эълоннашуда субҳи имрӯз, 10-уми май вориди Афғонистон шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳо хонуми Меркелро дар ин сафар Томас де Мезер, вазири дифои Олмон ҳамроҳӣ дорад ва онҳо нахуст аз пойгоҳи низомии Олмон дар Мазори Шариф дидан кардаанд. Ҳадафи ин боздид ҳанӯз рушан нест, вале бархеҳо ба кушта шудани як низомии немис дар шаш рӯзи пеш ишора карда мегӯянд, эҳтимол дар ин боздид амнияти низомиёни Олмон матраҳ шавад.
Шурӯъ аз соли 2002 53 низомии Олмон дар Афғонистон кушта шудаанд. Феълан, дар қаламрави давлати исломӣ ҳудуди чор ҳазор хизматчии ҳарбии Олмон қарор дорад. Онҳо аслан дар пойгоҳҳои ҳарбии мустаққар дар Мазори Шариф ва Қундуз ҷойгиранд.
Ин панҷумин боздиди Ангела Меркел ба сифати конслери Олмон аз Афғоничстон аст. Бори охир вай баҳори соли 2012 аз давлати исломӣ дидан кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |