«Облава, облава бар падарот лаънат» (ВИДЕО)
Абдулазизи ВОСЕЪҲар рӯз ҳадди аққал як хабар дар мавриди «облава» мешунавем. Мақомот чун ҳамешагӣ исрор меварзанд, ки «облава» нест. Тасмим гирифтем, чанд далели мавҷудияти «облава»-ро, ки ҳамкасбони мо дар расонаҳои дигар мушоҳида кардаанд ё бевосита шоҳид будаанд, бинависем.
«Облава»-шудаҳо сина сипар мекунанд?
Бадтарин чиз он аст, ки фосилаи миёни мардум ва мақомот торафт васеътар мешавад. Боварӣ ва эътимод, ки бояд аслитарин ҳадаф байни сокинони оддӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ бошад, ба оҳистагӣ аз миён меравад. Аввалиҳо дар шахсияти дувумиҳо пуштибон ва ҳимоятгари ҳуқуқҳояшонро намебинанд. Дувумиҳо дар бештари ҳолат ба аввалиҳо ҳамчун муттаҳам муносибат мекунанд. Агар масъулин сари вақт чораи дурусти корро наандешанд ва ин тарқиш ба ғори бузург табдил шавад, на давлат манфиат мебинад ва на мардум суд.
Мушкили даъват ба артиш ва «облава» яке аз проблемаҳои аслии миёни мақомот ва мардум шудааст. Дар рӯзи равшан дар кӯчаҳо маҷбурӣ боздошт ва ба сафи артиш сафарбар кардани ҷавонон ба ҳеч ваҷҳ наметавонад оқибати хубе дошта бошад. Кї кафолат медиҳад, ки дар сурати таҳдиди ҷанг ин афрод сина сипар мекунанд? Борҳо гуфтаанд, ки ҳукуматро зарур аст, шеваҳои ҷалби ҷавонон ба қувваҳои мусаллаҳро тағйир диҳад ва роҳҳои муфид ба манфиати ду ҷонибро биҷӯяд.
Фикр мекунам, аввалин коре, ки дар ин самт бояд анҷом дод, тағири лаҳни кормандони мақомоти дахлдор бояд бошад. Ба назар мерасад, баъзе аз масъулин оддитарин одоби муоширатро бо мардум намедонанд. Кормандони қаторӣ як ҷиҳати масъала, аммо раҳбарон ба қавле «мегузаронанд».
Вақте комисари комисариати ҳарбӣ таҳдид мекунад, ки «агар писари калонатро кофта наёрӣ, бачаи студентатро аз мактабаш мебарем, дигар як умр ному нишонашро намеёбӣ» чӣ гуна ба ояндаи хизмати ҳарбӣ бояд дилгарм шавем?
Журналисти 42 сола «облава» шуд
Чанде пеш як ҳамкасбамонро, ки дар рӯзномаи «ИмрӯзNews» кор мекунад, облава карданд. Гап сари ин ки, Ҷалолиддини Аҳмад 42 сола аст. Анна ҳамин мардаки 42 соларо аз роҳ доштаву ба зурӣ дохили мусофиркаш карданд, то нақшаи даъватро каме «ҷунбонанд». Ҷалолиддин «облава» шуданашро дар «ИмрӯзNews» чунин қиса кардааст: «29-уми апрели соли 2013 тахминан соати 12:10 ҳамроҳи хабарнигори рӯзномаи «ИмрӯзNews» Фурӯзони Аъзамзод аз корхона баромада, ба сӯи масҷиди марказӣ барои адои фариза рафтем. Дар роҳ мошини «Мерседес»-и рангаш сафед, рақами давлатиаш тахминан 22-43 истоду ду нафар аз он фаромаданд ва пеши роҳи моро гирифтанд. Онҳо дар тан либоси низомӣ надоштанд, аммо нафаре, ки пеши ман ботаъҷил омад, худро лейтенанти калони милиса муаррифӣ намуд. Вай аз дастам дошт ва ба сӯйи «Мерседес» кашонданӣ шуд. Аз дохили мошин чанд нафари дигар фаромаданд ва …ман худро дар дохили мошин дидам. Дар дохили мошин гуфтанд, ки ин «облава» аст ва мо бояд хизмат кунем. Ҳеч шарме надоштанд, ки дар рӯзи равшан, пеши чашми мардум одамрабоӣ ва моро таҳқир мекунанд. Аз ҳама аҷиб ин аст, ки ҳамроҳи ман-Фурӯзони Аъзамзодро фароварданд, гуфтанд, ки ӯ намешавад. Ин айнан ҳамон хабарнигорест, ки қаблан ҳам ду маротиба «облава» шуда, ҳарду маротиба ҳам аз «облава» шуданаш дар рӯзнома навишта буд».
Ба навиштаи Ҷалолиддин ҳарфҳояш дар мавриди ғайриқонунӣ будани облава ба ҳеч яке аз ҳафт милисаи дохили мошин таъсир намекард: «Чун аз ҳуқуқи шаҳрвандиам сухан мегуфтам, таҳқир мешунидам (аз корманди ҳифзи ҳуқуқ, аз нафаре, ки бояд номус, мол, шаъну шарафи моро бояд ҳимоят кунад). Гуфтам, маро ба пеши роҳбаратон баред. Боз ҳам тамасхуру таҳқир шунидам».
Хулоса баъди раду бадалҳои зиёд ва баъди аз назар гузарондани телефони ҳамроҳ Ҷалолиддинро раҳо мекунанд.
Падари ду фарзанд ҳам аз «облава» халосӣ надорад
Ҳолати дигарро чанд рӯз қабл Гули Зард, рӯзноманигори шинохта навишт. “Субҳи душанбеи 28-уми апрел писарам Ҷорӣ ба ман занг задаву гуфт, ки очаҷон, маро облава дошта ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебарад. Ба онҳо мефаҳмонам, ки ду фарзанд дорам, аммо бовар намекунанд».
Бино ба қавли Гули Зард вақте «облавачиҳо» дар телефон натанҳо ба ҳарфҳояш гўш накардаанд, балки таҳдид низ кардаанд, маҷбур шудааст аз ноҳияи Хуросон ба пойтахт биёяд. «Шиносномаи писарам, саҳфаи ақди никоҳ, ҳуҷҷатҳои набераҳоям Ангубин ва Ясминаро нишон додам. Зани навбатдор чашмонашро калон кушода, илова намуд: “Хайр чӣ? Рафта аз "домуправление справка" биёред, ки дар ҳақиқат писаратон падари ду фарзанд аст. Ростӣ, ҳайрон шудам, наход қайдҳои дар шиноснома шудаву шаҳодатномаҳои фарзандон ва мӯҳри ақди никоҳи давлатӣ ҳуҷҷат набошанд?»
ба қавли вай танҳо баъди худро муаррифӣ кардан писарашро раҳо кардаанд.
Гули Зард мегӯяд, назди комисариати ҳарбӣ мардеро дидаст, ки ба қавли вай писари донишҷӯяшро «облава» кардаанд. “Ман Раҷабов Ҷумъахон, истиқоматкунандаи ноҳияи Ховалинг. Писари донишҷӯям Раҷабов Баҳриддинро чор рӯз пеш облава дошта зӯран ба аскарӣ фиристодаанд. Кормандони ҳамин комиссариат ӯро доштаанд. Очаи бечорааш аз тарс гурдакаф шудааст, охир бачаи мо бемор асту мо бо азобе рӯз гузаронем ҳам, камбизоативу гуруснагиро ба гардан гирифта, писарамонро маълумоти олӣ доданием. Ӯ дар шӯъбаи рӯзона таҳсил мекард»,-шиква кардааст он мард.
Хизматкардаҳо низ «облава» мешаванд
Хабаргузории «Тоҷнюс» имрӯз аз қавли Фаррухҷон Ҳасанов, як сокини ноҳияи Ҳисор навишт, ки 30-юми апрел кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳия бо ҳамроҳи Маҳмудов Баёнқул, раиси ҷамоати Мирзо Ризо ба хонаашон омадаанд, то бародараш Фаррух Ҳасановро ба хизмат бифиристанд. Ин дар ҳоле, ки ба қавли Фаррухҷон бародараш 13-уми апрел аз хизмати ҳарбӣ баргаштааст. «Вақте ки бародарам ба онҳо фаҳмонидан хост, ки се рӯз қабл аз хизмати ҳарбӣ омадааст, онҳо бовар намекарданд ва ӯро барои дурӯғ гуфтанаш ба сару рӯяш шаппотӣ заданд. Танҳо вақте ки бародарам қисми ҳарбӣ ва дар куҷо хизмат карданашро хабар дод, онҳо ниҳоят бовар карда, ӯро раҳо карданд»,-гуфтааст Фаррухҷон Ҳасанов.
«Облава» ба муаллимон ҳам раҳм надорад
Аввали моҳи апрел «Озодагон» хабар дод, ки ягона мутахассиси фанни информатикаи Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи Пушкин дар ноҳияи Рӯдакиро дар ҳоле ба хизмат бурданд, ки мақомот ваъдаи муваққатан ба қувваҳои мусаллаҳ набурданашро додаанд. Ба қавли Ҷамшед Маҷидов, муовини директори гимназия, “Фаридун барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки дар мавриди омӯзгори ҷавон ва ягона фарзанди қобили меҳнат дар хонаводаашонро собит мекард, ба комиссариати ҳарбии ноҳия рафт. Ба ҷои он ки тавре қаблан ваъда карданд, ӯро муваққатан аз рафтан ба сафи қувваҳои мусаллаҳ озод созанд, ӯро ба аскарӣ бурдаанд.” Ба қавли ҷаноби Маҷидов, Фаридуни 24-сола ягона мутахассиси ҷавони фанни информатика буд ва ҳоло хонандаҳо аз хондани ин дарс маҳруманд: “Гузашта аз ин, дар оилаашон вай ягона писари қобили меҳнат ба ҳисоб меравад. Падараш чанд сол қабл вафот кард. Як бародар дорад, ки бемории рӯҳист. Модараш ҳам муаллима шуда кор мекунад.”
Ҳамчунин, тибқи хабарҳо субҳи 2-уми май муаллимони Донишгоҳи Кӯлоб, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекардаанд, «облава» шуда ва ду тани онҳоро аллакай ба сафи артиш сафарбар кардаанд.
Чунин мисолҳо зиёданд. Аммо масъулин хомӯш. Ҳадди аққал барои «худсафедкунӣ» чизе намегӯянд. Аз ин бигзарем, амри президентро иҷро намекунанд, ки тибқи «фармони 622» муваззафашон карда, то ба матолиби интиқодии нашрияҳо ҷавоб бигӯянд.
Бо ин ҳама бино ба омори расмӣ нақшаи даъват ба артиш 90 дар сад иҷро шудааст. Журналистони 42 сола, падарони ду фарзанд, донишҷӯён ва муаллимон, эҳтиёт бошед, ҳоло ҳам дар кӯчаҳо хавфи «облава» шуданатон мавҷуд аст…
P.S. Чанд рӯз қабл як таронаи рэп шунидам, ки овозхон бо алам “облава, облава бар падарот лаънат” гуён месуруд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |