Ҷанги Ироқ барои Амрико ибрат шудааст?
Сатрнависи як рӯзномаи амрикоӣ дар мақолае бо мавзуи сиёсати Вашингтон дар қиболи бӯҳрони Сурия навишт, ки Амрико ибратҳои гирифта аз ҷанги Ироқро фаромӯш кардааст.
Томас Фридмен, сатрнависи рӯзномаи амрикоии Ню-Йорк Таймз мақолаи худ бо меҳвари сиёсати давлати Вашингтон дар қиболи Сурияро бо як зарбулмасал арабӣ, ки мегяӯяд: "агар як бор забони шумо аз хӯрдани шурбо бисӯзад, то охири умратон ҷурғотро ҳам пуф хоҳед кард", шуруъ карда ва навиштааст, ки Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, ҳақ дорад баъд аз дидани Афғонистон ва тамошои гирифториҳо пас аз инқилоб дар Либия, Тунис ва Миср муроқиб бошад, ки дар асари бӯҳрони ҷорӣ дар Дамишқ низ насӯзад.
Ин сатрнависи амрикоӣ навиштааст, ки "мо дар шароити феълӣ ба андозаи кофӣ шоҳиди гузор аз истибдод дар ин кишварҳои арабӣ будаем ва бояд ибратҳои муҳиме бигирем. Аммо ин дар ҳолест, ки мо дарси ибратҳои худ бавижа аз Ироқро ки ҳар касе мехоҳад онро фаромӯш кунад, нодида мегирем.
Ҷавомеъи ташкилдиҳандаи Сурия низ монанди Ироқи суннӣ, алавӣ, шиа, курд, дарвозӣ ва масеҳӣ ҳастанд, ки ҳечгоҳ намехоҳанд таҳти қавонини мавриди тавофуқ бо якдигар зиндагӣ кунанд, бинобарин Сурия низ монанди Ироқ дар бештари таърихи худ тавассути як қудрати истисморгар бо мушти оҳанин идора шудааст.
Умеди вуҷуддошта дар бораи Ироқ ин буд, ки ба маҳзи ҳазфи диктатори ваҳшисиффати он тавассути Амрико, ин кишвар ба таври пайваста ба самти демократияи чандҳизбӣ ва чандфирқаӣ ҳаракат мекунад, ки ин мисол дар бораи Миср, Либия, Тунис ва Яман низ ҳақиқат дорад.
Аммо ин дар ҳолест, ки мо дар шароити феълӣ шоҳиди ихтилофҳои азиме байни аврупои шарқӣ дар соли 1989 ва ҷаҳони араб дар соли 2013 ҳастем. Дар бештари бахши аврупои шарқӣ қайду бандҳои сангини қавонини ҳукумати коммунистӣ ормонҳои амиқан решадору густардаи демократияро саркӯб мекард. Бино бар ин ҳангоме, ки ин қайду бандҳо аз байн рафт, бештари кишварҳои аврупои шарқӣ нисбатан ба суръат ба самти давлатҳои мунтахаби озод ҳаракат карданд.
Акси ин моҷаро дар ҷаҳони араб аст, ки қайду бандҳои сангини худкомаӣ мунҷар ба саркӯби ормонҳои демократӣ, исломӣ, қабилаӣ ва фирқаӣ мешуд. Бино бар ин замоне, ки ин қайду бандҳо аз байн рафт, тамоми ин ормонҳо намоён шуданд, аммо дар ин байн раванди исломӣ пурэнержитар буд.
Дар кутоҳмуддат буд, ки бештари кишварҳои аврупои шарқӣ баъд аз поёни ҳукумати коммунистии монанди Ҳоланд шуданд ва бештари кишварҳои ҷаҳони араб низ баъд аз поёни коммунист монанди Югославия.
Сутуннависи Ню-Йорк Таймз дар идома навиштааст: "Тавре гуфтам умеди мо ва тамоми демократҳои шуҷоъи ҷаҳони араб, ки тамоми ин инқилобҳоро оғоз карданд, ин буд ки тамоми ин кишварҳои арабӣ аз худкомагӣ ба самти демократия бираванд бидуни инки гирифтори исломгароӣ ва ё анархизм шаванд. Аммо барои муваффақ шудан ба ин ҳадаф, ин кишварҳо ё ба як омили тағйири хориҷӣ ниёз доранд, ки ҳамзамон бо талоши онҳо барои ҷойгузин кардани фирқагароӣ, исломгароӣ ва қабилагароӣ ба як рӯҳияи демократии шаҳрвандӣ дар нақҳи қозӣ байни тамоми ҷавомеи ташкилдиҳандаи кишварашон амал кунад ва ё инки ниёзманди муҳраи дохилӣ ҳастанд, ки битавонад як гузариши демократиро, ки шомили тамоми ҷавомеи ташкилдиҳандаи кишварашон бошад, ҳидоят кунад.
Ҳамаи мо медонем, ки Амрико ин нақши доварии беруниро дар қиболи Ироқ ифо ва дар ваҳлаи аввал бисёр номуносиб ва ноуҳдабаро амал кард, аммо ниҳоятан Амрико ва ироқиҳои миёнарав роҳеро барои шикасти ифротгарони хушунатталаби суннӣ ва шиа пайдо карданд ва қонуни асосӣ навиштанду интихоботи озоди фаровон баргузор карданд.
Ин сутуннависи Ню-Йорк Таймз навиштааст: "ман бар ин боварам, ки агар шумо мехоҳед ба ҷанги дохилии Сурия поён ва ин кишварро дар масири демократия қарор диҳед, ба як нерӯи байналмилалӣ барои ишғоли кулли ин мамлакат, таъмини амнияти марзҳо, халъи силоҳи тамоми шибҳнизомиён ва доварии якгузор ба самти демократия дар Сурия ниёз доред. Ин раванд ба шевае саросемавор пурҳазина ва пурзамонбару натиҷаи он низ кафолатдоданашуда аст ва дар шароите, ки ҳеч кишваре довталаби ифои чунин нақше нест, ҳадс мезанам ҷанг дар Сурия то замоне, ки тарафҳои даргир хаста нашаванд, идома хоҳад дошт.
Сиёвуш Қосимзода
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |