Барори барқарор намудани тартибу интизом дар боздоштгоҳи 159/21 (вилояти Қараганда)-и Қазоқистон, ки гурӯҳи маҳбусини мусаллаҳ ба муҳофизон ҳамла бурда, қасди фирорро доштанд, гурӯҳи махсуси нерӯҳои қудратӣ сафарбар шудааст.
Хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба иттилои Жанатай Сембеков, раҳбари департаменти вазорати умури дохилии Қазоқистон навиштааст, гурӯҳи вижа талош дорад, ҷинояткоронро боздошт намояд.
Номбурда ҳамчунин тайид кардааст, чандин нафар дар асорати ҷинояткорон қарор доранд. Қаблан, хабарҳои расман тасдиқнашудае дар мавриди асир афтодани 30 нафар паҳн гардид. Гуфта мешавад, асирон низ маҳбусон ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки кумитаи низоми ҷиноӣ-иҷроии Қазоқистон таъкид кардааст, ки ҳеч гуна ҳолати асир гирифтан дар боздоштгоҳ набудааст.
Тибқи хабари расонаҳо шаби 11 ба 12 июл маҳбусине, ки барои анҷоми ҷиноёти вазнин зиндонӣ буданд, талоши фирор кардаанд. Онҳо бо худ силоҳи оташфишон доштаанд, алъон маълум нест, ки ин аслиҳаро аз куҷо дастрас кардаанд. Дар пайи задухӯрд бо муҳофизон як корманди маҳбасхона кушта ва ду тани дигар захм бардоштаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр