Бахшҳо

Хотироти ветеран: Намедонам дар қиёмат чӣ ҷавоб мегӯям?

Алишер ЗАРИФӢ

Имрӯз, 9-уми май, дар сартосари кишварҳои пасошӯравӣ Рӯзи ғалаба аз болои Германияи фашистӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин ҷанг (1941-1945) дар қатори дигар миллатҳо тоҷикон низ ширкат намудаанд. Ба муносибати ин рӯз "Озодагон" тасмим гирифт бо Муҳуддин Ғуфронови 91 сола, яке аз ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мусоҳибае анҷом диҳад.

Озодагон: Шумо муҳорибаро дар ин ҷанг чӣ гуна оғоз намудед?

Ғуфронов: Мо се бародар дар ҷанг иштирок кардаем. Вақте яке аз бародаронам аз Маскав хат фиристод, соли 1942 ман бо хоҳиши худам ба ҷанг рафтам. Баъдан бо фармони Сталин моро ба Украина фиристоданд ва аз ҳамин ҷо муборизаро оғоз намудам. Ба муқобили артиши 6 ва 8-и СТС-и Гитлер ҷангидем. Асосан дар фронти 2- ва 3-юм ба муқобили душманон мубориза мебурдем. Дар шаҳри Уффаи Бошқирдистон хеле зиёд ҷангидаем. Дар як рӯз беш аз 40 километр пеш мерафтем ва дар як муддати кутоҳ зиёда аз 100 шаҳру қишлоқро озод намудем. Дар Полша низ корнамоиҳои зиёд нишон додам. То хоки Германия муборизаро идома дода рафтаам. Ҳамаи он ҷойҳоеро, ки мубориза бурдему озод намудем, рости номашон дар хотирам нест, чун хеле зиёданд.

Озодагон: Аз лаҳзаҳои хотирмони ҷанг нақл мекардед.

Ғуфронов: Бо яке аз командирони СС-и Германия ҷанги даст ба даст доштам, ки бароям хотирмон аст. Соли 1944, бегоҳ буд ногаҳон ӯ аз наздам баромад ва ман автоматро дар гарданам мондаму бо карабин хеле зарбаи сахт задам, ки дар ҷояш афтода, сараш майда-майда шуд. Як кори бад кардам, ки ҳамон ҷо "зажигалкааш"-ро аз ҷайбаш гирифтам, намедонам акнун дар қиёмат барои ин "зажикалка" чӣ ҷавоб медиҳам, дигар ҳуҷҷатҳояшро даст назадам. Гуфтам на ҳуҷҷатҳои командираш лозим на аз худи Гитлер. Вақте дар Русия будам зимистон буду ҳаво хеле хунук ва як афсар дар наздам дар танаш "шинел" дошт, ки танҳо рӯяш метофт. Ман баъди ришамро тарошидан ба ӯ гуфтам чаро ту риш надорӣ?- бо забони русӣ ман гуфт ман писар нестам духтарам. Ман ҳайрон шудам. Дилам хеле сухт барояш. Ба ӯ як хонаро нишон додаму ҳамон ҷо рафта каме истироҳат кунед гуфтам. Дигар лаҳзае, ки бароям аҷибу хотирмон аст, ин аст, ки вақте дар Одесса будам аз радио хабари ғалабаи Иттиҳоди Шӯравиро аз болои Германияи фашистӣ шунидам ва хеле хурсанд шудам. Баъзеҳо гирён мешуданд, баъзеҳо аз хурсандӣ "каскапартоӣ" мекарданд. Ин беҳтарин лаҳза бароям буд.

Озодагон: Баъди бозгашт аз ҷанг ба чӣ корҳо машғул шудед?

Ғуфронов: Баъди ғалаба як соли дигар дар Одеса хизмат кардам. Соли 1946 омада дар Тошканд як соли дигар кор кардам. Баъдан ба Тоҷикистон (он вақт Сталинобод) омадам ва дар корхонаи пахтаи Қурғонтеппа корро оғоз намудам. То нафақа баромаданам, яъне 40 сол дар ҳамин корхона фаъолият намудам. Ҳангоми дар ин корхона кор карданам барои хидматҳои нишондодаам дар ин ҷо соҳиби 49 грамота шудам. Ҳоло 600 сомонӣ нафақапулӣ мегирам.

Озодагон: Нафақапулие, ки Шумо мегиред барои таъмини рӯзгоратон мерасад?

Ғуфронов: Не, чунки ҳамсарам бемор аст ва барои харидани доруву давоҳои ӯ маблағ намерасад. Беш аз 2 сол мешавад ҳамсарам аз ҷояш намехезад. ӯ вақте хабари марги писарамонро шунид, аз ҳамон лаҳза аз пойҳояш аз кор монд ва ҳоло аз ҷояш ҷунбида наметавонад. Ду писрам аз дунё гузаштаанд. Агар ҳукумати Тоҷикистон хидматҳои маро қадрдонӣ карда, барои саломатии ҳамсарам кӯмак намоянд, хеле хурсанд мешудам. Як бор муроҷиат кардам ҳамагӣ 100 сомонӣ доданд. Бубинед, як уколаш 42 доллар мешавад ва ин бароям хеле мушкил аст.

Озодагон: Вақте ба хонаи Шумо рафтем, дар он ҷо гуфтанд, бобои Паҳлавон (Муҳуддин Ғуфронов) аз ин ҷо кӯчидааст, чаро кӯчидед? Ин хона аз худатон аст?

Ғуфронов: Не, ин хона аз писрам аст. Хонаи худам ҷанҷолӣ буд ва ман ба қароре омадам, ки ба ин ҷо биоям. Шӯрои олӣ тасдиқ намуда буд, ки бояд ба ман хона диҳанд, аммо вақте назди Маҳмадсаид Убайдуллоев рафтам як мушовираш маро қабул кард ва гуфт, ки аз ҳамон корхонаи пахтаи Қурғонтеппа ким чи хел ҳуҷҷатҳо бояд биорам. Ҳоло намедонам ба ман хона медиҳанд ё не.

Озодагон:Дар арафаи Рӯзи ғалаба ба Шумо кумак намуданд?

Ғуфронов: Бале, аз ҷониби шаҳрдорӣ 700 сомонӣ доданд.

Озодагон: Ҳоло рӯзҳоро бо чӣ шуғле мегузаронед?

Ғуфронов: Тамоми рӯз ба хондани Қуръони маҷид машғулам. Дар ҷавониям ҳамеша дар гуштӣ қувваозмоӣ мекардам ва аксаран ғолиб меомадам. Дар мусобиқаи гуштигирӣ соли 1959 ду карат чемпиони чумҳуриявӣ шудам ва ҳамчунин ба ман ҳуҷҷати (сертификат) ҳуқуқи дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ ҳаққи доварӣ карданро додаанд. Барои гуштигир буданам маро ҳамсояҳо бобои Паҳлавон мегӯянд. Бояд зикр намоям, ки барои хидматҳои нишондодаам дар ҷанг маро бо 38 ордену медал қадрдонӣ карданд. Аммо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ чандтоашро, аз ҷумла ордени Ленин, Сталин 1941-1945-ро дуздиданд.
Мӯҳр
Дар точикистон саг кадр дораду одам не !!!!!! Афсус

сад афсус наход кадре барои ин шахсхои бузург дар ватанамон намонда бошад

САРСУПУРДА БУДАНАТ БА ПАРТИЯИ КОМУНИСТИ АЗ КУШТОРИ НЕМИС МАЪЛУМ ЗАЖИГАЛЬКАРО АЗ ЧАЙБИ НЕМИС ГИРИФТАНАТ ХАМ МАЪЛУМ. ПУШАЙМОНИ БАРОИ ЗАЖИГАЛЬКА БА МАВРИД БАРОИ КАТЛ НОМАЪЛУМ ПУШАЙМОНИАТ. АММО ГАСБ КАРДАНИ ХОНАИ ФАРЗАНДИ КОРИ МУХАМАДЧОНИ ПИСАРАШ ЧАРО УРО ПУШАЙМОН НАКАРДААСТУ ЗАЖИГАЛКАИ НЕМИС УРО ..................................................

Хайхот
"Ман автоматро дар гарданам мондаму бо карабин хеле зарбаи сахт задам, ки дар ҷояш афтода, сараш майда-майда шуд. Як кори бад кардам, ки ҳамон ҷо "зажигалкааш"-ро аз ҷайбаш гирифтам, намедонам акнун дар қиёмат барои ин "зажикалка" чӣ ҷавоб медиҳам..." Мардаки хуб одама кушта, барои "зажикалка" дар назди Худо чавоб доданист?????

s
Пири да, соли 1942 чангро дар украина огоз карда бо гашта ба уфа омада чангро саркардааст (таърихи нави ЧБВ) то берлин расида омада тамомшавии чангро дар одесса фахмидааст. Боз ачоибаш ин ки ду ярок доштааст хам автомат хам карабин (мухтарам Алишер як таърихи ЧБВ-ро мехондед баъд рафта сухбат мекардед)
Ба хар хол бо иди галаба табрик

Шахри Уфа-пойтахти Бошкирдистон аз фронт фарсаххои шабонарузи дур буд.Он чо хатто немисхо ба мехмони хам нарафта буданд.Одесса дар микьёси давлати СССР буд.Алишер каллаи мусафеди 91-соларо гаранг кардааст.Аз руи наклхои бобоямон,у аскари катории кушунхои акибгох будааст.Бобо хеч гох дар хандакхои аввали хатти пеши фронт набудааст.лекин ба хар хол кахрамон хисоб мешавад.То хоки Германия рафтаасту овозаи галабаро дар Одесса шунида будааст.Алишер хатохои бисёр кардед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)