Ҷавоби вазорат ба мақолаи “Мара нопурсида запис кесай”
Вазорати маорифи Тоҷикистон ба гузориши нашркардаи “Озодагон” бо унвони “Ҷонишини вазир: Мара нопурсида запис кесай” ҷавоб гуфт, ки дар он аз ҷумла омадааст:
Ҷойи баҳс нест, ки мардум аз ҳама бештар ба маориф-соҳаи "афзалиятнок"-и ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Табиати инсонист, ки аз қаноатмандӣ ва шукргузорӣ дида, бештар аз нигарониҳо ҳарф мезанад. Маорифи Тоҷикистон тайи солҳои Истиқлолият зина ба зина рушд кард, шакли миллӣ гирифт, фаъолияти мактабу омӯзгор ва хонандагон низоми тоза касб кард. Ин ҳама дар маҷмӯъ, шикасти "тақаллубкорӣ"-ҳоеанд, ки иддае дар назар доранд. Дар ин росто беҳтарин ва ҷолибтарин чорабиние, ки диққати аксариятро мекашад, баргузории олимпиадаҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҳисоб мераванд. Агар дар соли 2005 теъдоди довталабон 50 нафарро ташкил карда бошад, пас, соли 2011 ин теъдод ба 943 нафар расид. Имсол бошад, бо иқдоми пешгирифтаи вазири маориф Нуриддин Саидов дар ҷумҳурӣ "ҳаракати олимпӣ" оғоз шуд ва теъдоди хонандагонро бамаротиб бештар гардонид.
Довталабон имкон ёфтанд дар озмунҳои гуногун-олимпиадаҳои даставӣ, номӣ, дастаи литсейҳои Президентӣ, фосилавӣ, байналмилалӣ ва фаннӣ ширкат варзанд. Дар ягонто аз ин озмунҳо баҳсу ҷанҷолу нигарониву ифтихор зиёд нест, ончунон ки дар олимпиадаи фаннӣ ҳаст. Ҳамасола дар хусуси ҳусну қубҳи ин озмун назару андешаҳо ва пешниҳодҳои иштирокдорон ва мутахассисон дар ҳафтаномаи "Омӯзгор" ба табъ мерасанд. Дар ҳамин ҳол, иддае аз рӯзноманигорон, бе он ки ба ҷараёни чунин чорабиниҳо аз нигоҳи воқеӣ баҳогузорӣ намоянд, аз ҳар ҳарфу ҳар ҳаракати аъзои Кумитаи тадорукот ва ё аъзои ҳакамон ҳангома меҷӯянд, ки ин амали онҳо маънии "Аз пашша фил сохтан"-ро ба ёд меораду халос. Барои мисол, рӯзноманигор Ҳумайрои Бахтиёр дар шумораи №14-и "Озодагон" таассуроти худро аз олимпиадаи фанҳои дақиқ, ки дар мактаб-интернати солимгардонии ба номи Б.Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гашта буд, бо тамасхури зиёд ва бе таҳлилҳои воқеӣ овардааст.
"Гуноҳ"-и муовини вазир ҳамин будааст, ки ӯ барои халали зиёд ворид накардани ҳангоматалабон ва ором кардани онҳо бо услуби гуфтугӯӣ ҳарф задааст. Аз аввал то охири мақола ҳадафи муаллиф маълум нест. ӯ чӣ мехоҳад: беҳтар гардонидани низоми кори олимпиада ва ё роҷеъ ба шахсе, ки чанд сол ба ҳайси муовини раиси калонтарин вилояти ҷумҳурӣ (Хатлон) фаъолият карда, гузашта аз ин, ду маротиба ба бовари Президенти кишвар дар Парлумон аз мардумаш намояндагӣ кардааст? Агар мақсад танҳо барои ислоҳи нуқсон мебуд, журналист чунин амал намекард. Рӯзноманигор изҳор кардааст, ки тибқи қарор озмун мебоист соати 10-и субҳи 13-уми апрел оғоз мешуд, ҳол он ки бо сабабҳои муайян дар ин тасмим тағйирот ворид шуда ва иттилои он ба роҳбарони раёсатҳои маорифи шаҳру вилоятҳо расонида шуда буд. Ин қарорро гӯё ӯ аз Вазорати маориф гирифтааст, вале нагуфтааст, ки аз кӣ ва чӣ гуна. Бе расми ифтитоҳӣ сар кардани олимпиадаро Кумитаи тадорукот бесабаб ба бегоҳ мавқуф нагузошта буд. Гап дар сари он ки ҳамон рӯз садорати Вазорати маориф то нисфи рӯз ҳам ба қабули шаҳрвандон машғул буданд ва ҳам ба мушовараи семоҳаи вазорат.
"Эрод"-и рӯзноманигор дар мавриди ба довталабони русзабон надодани варақаҳо бо забони русӣ худ сазовори эрод аст. Дар ҳоле ки забони давлатии мо забони тоҷикист ва дар ҳоле ки аксарияти довталабони русзабон худ тоҷиканд, магар чунин иддаоро пеш овардан барои як рӯзноманигоре, ки худ даъвои эҳтиром ба забони давлатӣ дорад, айб нест? Агарчи довталабони иловагӣ қисман бо саволномаҳои русӣ таъмин нагардида буданд, тамоми довталабони асосӣ бо саволномаҳои тоҷикиву русӣ таъмин шуда буданд.
Сониян, эроди рӯзноманигор дар бораи натиҷагирии баҳои довталабон, ки ба гуфти эшон мебоист дар рӯзи аввал сурат мегирифт. Ба гуфти ӯ, ҳакамон гуфтаанд, ки натиҷаи санҷиш пагоҳаш маълум мешавад. Ёдовар мешавем, ки як амали пешгирифтаи вазорат ба хотири таъмини шаффофият ин буд: барои қабули кори довталабон як гурӯҳ ва барои санҷиши кори онҳо гурӯҳи дигар вобаста шуда буд. Кори ҳамаи довталабон тариқи рамз мавриди санҷиши доварон қарор гирифт.
Рӯзи саввум аз нигоҳи рӯзноманигор, довталабон баъди шикояти аппелятсионӣ ҳаққи худро соҳиб шуда тавонистанд. Ин ҳеҷ ҷои аҷобат ва нигаронӣ надорад. Зеро ин тартиб дар тамоми озмунҳои байналмилалӣ ҳам ҷорист. Дар тамоми ҷараёни озмун мисраъҳои зеринро ба ёд овардани вазири маориф Нуриддин Саидов ба ҳамин хотир буд, ки одамӣ беғалат намешавад:
Хатти тақдир аст орӣ аз ғалат,
Бе ғалат ҳаргиз набувад ҳеҷ хат.
Журналист дар маросими ҷамъбаст иштирок накардани довталабони гимназияи "Ҳотам ва ПВ"-ро далели эътирози онҳо ва номуайянии вақти анҷом баррасӣ кардааст. Ҳол он ки наомадани шогирдони ин таълимгоҳ сабаб дошт. Роҳбари яке аз гурӯҳҳои омодагӣ ба озмунҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои физика ва математика Эраҷ Ҷумъаев дар ин маврид изҳор кард, ки тибқи қарордоди гимназия ва Донишгоҳи давлатии Киев аз 14-ум то 20-ум озмуни интихоби довталабон сурат мегирифт ва як сабаби наомадани бачаҳо ҳам ба ҳамин вобаста буд.
Дар анҷоми навиштаҳои рӯзноманигор гуфтаҳои Нуриддин Саидов басе хуб омадаанд: "…дар мавриди баргузории олимпиада баъзе аз мушкилот вуҷуд дошта, бо мурури вақт он бартараф хоҳад шуд…"
Пурсида мешавад, ки магар рӯзноманигор мушкилотро пай набурд? Мушкили аввал: ё озмун дар даврҳои поёнӣ воқеона нагузашт ва ё устодон шогирдонро дар рӯҳияи худбоварӣ омода кардаанд. Ба назар мерасад, ки ғолибияти онҳое, ки дар даврҳои аввал муваффақ нашуда буданд, танҳо ба ғайришаффоф гузаштани озмун вобаста нест, балки довталабон то ин давр воқеан омодагии ҷиддӣ гирифта тавонистанд. Бо вуҷуди ин, на ҳамаи довталабон аз имтиҳон дар даври ниҳоӣ гузашта тавонистанд. Раиси ҳакамони фанни биология, номзади илм Комилҷон Исоев дар ин маврид чунин гуфт:
-Дар озмун, рости гап, аз фанне, ки ба мо вобаста буд, дониши ягон довталаб моро қонеъ карда натавонист. Дар ҳамин ҳол падар, модар ва ё омӯзгори довталаб даъвои беадолатии доварон ва доноии довталаби худро баён мекунанд. Вақте ҳамагӣ ду сол омода шудани довталабро мефаҳмам, ҳайрон мешавам. Охир, ман 30 сол боз меомӯзам, боз ҳам ҳама чизро намедонам, вале…
Вале дар ҳоле ки доварон ҳамагӣ донишмандони соҳа интихоб шуда, нодурустии кори довталабро бо далел исбот карданӣ мешаванд, ба ҷои шогирдонро ба дарки воқеият водор кардан, худи омӯзгорон шӯр мебардоранд. Аслан тибқи Низомнома ба иштироки ягон довталаби иловагӣ иҷозат нест, вале вазири маориф илтифоте карда, ба иштироки ин гурӯҳ мусоидат намуд. Директори гимназияи "Ҳотам ва ПВ" П. Ҳотамов дар робита ба ин маънӣ чунин гуфт: -Олимпиадаи имсола дар муқоиса ба озмунҳои солҳои қаблӣ бартарӣ дошт. Аввал ин ки вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов на танҳо барои иштироки истеъдодҳо аз ҳамаи синфҳо иҷозат доданд, балки ба ғолибони ин гурӯҳ медал ҳам доданд. Ин илтифоти вазир бисёр истеъдодҳоро на танҳо ошкор, балки хеле рӯҳбаланд ҳам кард. Шогирдони мо дар ин озмун 11 медал ба даст оварданд, ки аксари онҳо хатмкунанда набуданд. Албатта, ҳеҷ гуна озмун бе камбудӣ намешавад.
Дар ҳар сурат, бовар кардан мумкин аст, ки ҳама гуна камбудиҳо бо ин иқдоме, ки вазири маориф пеш гирифтааст, ислоҳи худро меёбанд.
Бо таассуф, лутфи вазир дар баробари ошкор кардани истеъдоди қисман довталабони ҷабрдида ба "ҷасорат"-и ҳаводорон илҳоми бештар бахшид. Аҷиб ки рӯзноманигор муносибати дағалона, густохӣ ва вайронкориҳои нафаре аз ин тоифаро дида натавонист? Барои чӣ боре напурсид, ки ин қадар кӯшишу аламу ҷанҷолро сабаб чист? Агар ки ӯ воқеанигор аст, чаро дуруст таҳлил карда натавонист, ки "айб дар ош аст ё дар мош?"
Фикр мекунем, "Озодагон" бояд бо он нуфузе, ки дар хориҷи кишвар ҳам миёни тоҷикзабонон дорад, бояд минбари озодамардон бошад.
Ф. Исмонов,
муовини вазир
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |