Пулис “гурдадуздон”-ро меҷӯяд
Мақомоти пулиси Узбакистон мегӯянд, бо гузашти чаҳор рӯз ҳанӯз ҳам гурдадуздон ё қотилони ду наврасро пайдо накардаанд.
Тавре расонаҳои узбакӣ хабар медиҳанд, субҳи рӯзи 4-уми май дар шаҳри Чирчики Узбакистон ду ҷасади наврасро пайдо кардаанд, ки узви бадани онҳо, ба хусус гурдаҳояшон гирифта шудааст. Ба иттилои манбаъ, ин наврасон тақрибан 12-13 сола буда, ҷасади онҳоро дар назди бинои мактаби №20-и шаҳри мазкур, ки худи наврасон онҷо таҳсил менамуданд, ёфтаанд.
Бархе аз манобеи расмӣ гуфтаанд, эҳтимоли зиёд дорад, қотилон ҷасади ин ду наврасро ҷои дигар қасобӣ намуда, баъд инҷо оварда партофтаанд. Мақомти пулиси ин кишвар гуфтаанд, “гурдадуздон”-ро ҳанӯз пайдо накардаанд, вале кормандони ин ниҳод талош доранд, то дар наздиктарин фурсат қотилонро дастгир намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |