Адвокати вазири тоҷиктабор гуфтааст, дар додгоҳ иштирок карда наметавонад
Баррасии парвандаи Равшан Собиров, раҳбари ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ва вазири пешини рушди иҷтимоии ин кишвар, ки бояд, имрӯз, 8-уми май, баргузор мешуд, барои муҳлати номуайян ба таъхир гузошта шуд.
Ин иқдом бо дархости Икромидин Айтқулов, вакили мудофеи Равшан Собиров сурат гирифтааст, ки аз Додгоҳи олии Қирғизистон дархост намудааст, то мурофиаи додгоҳии зерҳимояашро ба рӯзи дигар гузоранд. Ӯ гуфтааст ба хотири дар сафари хидматӣ буданаш наметавонад ба додгоҳ ҳозир шавад. Дар мавриди санаи нави мурофиа ҳоло чизе гуфта нашудааст.
Қаблан аз Додгоҳи Олии Қирғизистон ба “Озодагон” иттилоъ дода буданд, ки парвандаи Равшан Собиров, раҳбари ҷамъияти тоҷикони ин кишвар 8-уми март баррасӣ мегардад.
Равшан Собиров ба он айбдор шудааст, ки дар замони вазири рушди иҷтимоии ин кишвар буданаш гӯиё ба ришвахӯрӣ даст задааст. Парванда алайҳи ӯ бо нишондоди собиқ ёвараш, Тоҳир Мирзоаҳмадов оғоз гардида буд, ки 4-уми июли соли 2012, зимни гирифтани ришва аз як ширкати итолиёвӣ дастгир шудааст. Ӯ изҳор доштааст, ки маблағро бо дастури Собиров гирифтааст, вале баъдан эътирофоташро ба манфиати Равшан Собиров тағйир дода буд.
Равшан Собиров, ки моҳи декабри соли 2011 вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон таъин гардид, моҳи июли соли 2012 дар робита ба иттиҳомот дар фасодкорӣ муваққатан аз ин мансаб барканор гардид. Ӯ панҷуми июли соли 2012 боздошт ва ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон интиқол ёфта буд. Додгоҳи ноҳияи Первомайски Бишкек, Собировро моҳи ноябри соли 2012 «сафед» эълон кард. Аммо додситонии кулли Қирғизистон парвандаи Собировро аз нав ба баррасӣ гирифта, ба додгоҳ ирсол намуд, ки бо панҷ сол ҳукми зиндон ва мусодираи амволаш поён ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |