“Телефони боварӣ”-и президент барои ҷавонон
Дар шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон «телефони боварӣ» фаъол шудааст, ки тавассути он ҷавонон метавонанд мушкилоту пешниҳодҳояшонро ба раисиҷумҳур ироа кунанд.
Як корманди ин телевизион гуфт, «телефони боварӣ» ба хотири мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар, ки 23-юми май дар назар аст, фаъол гардид: «Хоҳишмандон метавонанд тавассути рақами (+992 37) 221-69-17 савол ва пешниҳодҳои худро ба Эмомалӣ Раҳмон бигӯянд». Ҳамчунин, савол ва пешниҳодҳо тавассути торнамои расмии президент (www.president.tj) ва сомонаи шабакаи авали телевизиони Тоҷикистон (www.1tv.tj) қабул мешавад.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон дар ҳолест, ки моҳи ноябр дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад ва ҷавонон муҳимтарин қишри интихобкунанда ба ҳисоб мераванд. Ба омори расмӣ беш аз 37 дар сади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони аз 15 то 34 сола ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |