Бахшҳо

Дар пойтахт мактабҳои шабона фаъол мешаванд

Шурӯъ аз 1-уми сентиябри соли равон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе мактабҳои шабона ба фаъолият оғоз мекунанд.


Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотие изҳор дошт, аз ҷониби раёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати таъсиси 4 мактаби шабона мактуб дарёфт кардаанд. Ба гуфтаи вай вазорати маориф ин пешниҳодро қабул кард ва ҳамакнун хоҳишмандони таҳсил дар макотиби шабона имкон доранд, аз 20-уми август ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоянд. Раҳимов мегӯяд, барои мактаҳои шабона нақшаю баронаҳои таълимӣ аллакай омода шудаанд. Фарҳод Раҳимов ҳамчунин гуфт, ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015” аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузор  51 дар сади маболиғи зарурӣ дастрас гардида, корҳо дар ин самт ҷараён доранд. “Мувофиқи нақшаи пешакӣ бахшида ба таҷлили 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон соли равон 18 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода мешавад”,- илова намуд муовини вазир. Ба қавли вай дар соли 2011 аз ҳисоби 5 лоиҳаи инвеститсионии соҳаи маориф 18 миллион доллари амрикоӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ, харидорӣ намудани таҷҳизоти таълимӣ, омӯзиш ва гузаронидани тренингу семинарҳо, табъу нашри китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)