Аз дохили зиндон қоҷоқи мухаддирот ба Душанбе идора мешудааст
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз интиқоли мухаддироти ҳаҷмаш махсусан калон, ки таҳти идораи маҳбусони зиндони рақами 3-и Душанбе сурат гирифтааст, ҷилавгирӣ намудаанд.
Ба иттилои ин ниҳод дар натиҷаи амалияти махсус ошкор шудааст, ки Садриддин Бадриддинов ва Муродҷон Шарипов, маҳбусони муассисаи ислоҳии рақами 3-и Душанбе, аз дохили маҳбасхона қочоқи маводи мухаддири махсусан калонро идораю назорат мекардаанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар ин сир баъди дастгир намудани Шараф Алиев, ки бо маслиҳати пешакии ин ду маҳбус мақсади интиқоли 52 килограм маводи мухаддирро дошт, ошкор гардид. Алиев Шараф бояд маводи мухаддирро аз ҳудуди ҷамоати Озодии ноҳияи Қумсангир гирифта, тавассути мошини шахсиаш ба шаҳри Душанбе интиқол медод. Мақомот Алиевро дар пойтахт боздошт кардаанд ва аз дохили нақлиёташ 52 килограм мухаддир, аз ҷумла 35 килограму 430 грамм афюн ва 16 килограмм ҳашишро мусодира кардаанд.
Зимни ин амалиёт ду аъзои дигари ин гурӯҳ- Ховаршо Раҳматуллоев ва Қосимҷон Бадриддинов низ боздошт шуданд. Нисбати дастгиршудагон аз руи моддаи 200 қисми 4-и кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ шурӯъ шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |