Тоҷикистон Иди Ғалабаро бо раъду барқ “пешвоз” мегирад
Маркази боду ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 9-уми май дар бархе аз навоҳии кишвар боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.
Ҷамила Байдуллоева, масъули Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, фардо 9-уми май ҳавои тағйирёбанда дар назар гирифта шуда, эҳтимоли боридани борони ниҳоят сусти кӯтоҳмуддат бо раъду барқ дар бархе аз навоҳии кишвар, ба хусус шаҳри Душанбе вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи Байдуллоева рӯзи 9-уми май ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе шабона 12-13 дараҷа, шабона 28-29 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Хатлон рӯзона 28-30 дараҷа, шабона 15-17 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд рӯзона 28-29 дараҷа, шабона 13-14 дараҷа гармӣ дар назар гирифта шудааст. Дар қисматҳои куҳӣ бошад, ҳарорати ҳаво шабона 9-10 дараҷа, рӯзона аз 20 то 25 дараҷа гарм мешавад. Дар қисмати шарқии Бадахшон шабона аз 3 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |