Хадамоти гумрук китобҳо дар бораи “сеҳру ҷоду”-ро мусодира кардааст
Мақомоти гумруки вилояти Хатлон аз воридшавии 5 номгӯйи китоби зоҳиран динӣ, аммо «шубҳанок» аз қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷилавгирӣ кардаанд.
Ташхиси давлатии диншиносӣ муайян кардааст, ки китобҳои «Канз-ул-Ҳусайн», «Ганҷинаи амалиёт», «Тим-тим», «Ҷавоҳири тавъизот» ва «Хазинаи тавъизот» адабиёти марбут ба сеҳру ҷоду ва расонидани зиёни ҷисмонӣ ба инсон мебошанд. Ба иттилои Олим Шарифов, сухангӯи Раёсати Хадамоти гумрук дар вилояти Хатлон, «ҳангоми назорати гумрукӣ дар гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён аз Абдулазим Муфтӣ Ҳақнавоз, сокини шаҳри Кобул, шаҳрванди Афғонистон, 6 номгӯйи китоби динии шубҳанок мусодира шуд, ки номбурда онҳоро бидуни ташхиси давлатии диншиносӣ ба Тоҷикистон ворид карданӣ буд. Дар ин китобҳо усулҳои расондани сеҳру ҷоду ба инсоният нақл мешавад, ки паҳн ва мутолиа кардани чунин адабиёт дарТоҷикистон мамнуъ мебошад».
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |