“Беҳаракатӣ” дар маркази Душанбе (АКС)
Алишери ЗАРИФӢ
Субҳи имрӯз, 8-уми май, дар роҳҳои марказии шаҳри Душанбе роҳбандони дарозиаш то ба садҳо метр ба вуҷуд омад ва бисёре аз мусофиронро водор кард, қисмати боқимондаи роҳашонро пиёда идома диҳанд. Бархе ронандагон маҷбур шуданд, чанбаракро раҳо карда, ба сифати нозири роҳ ба танзими ҳаракати нақлиёт пардозанд. Қисми дигаре аз ронандагон дар талоши халосӣ аз роҳбандон ба роҳи пиёдагардон баромаданд, вале дар ин ҷо ҳам имкони пеш рафтанро наёфта, бозмонданд. Бо гузашти даҳҳо дақиқа қатори мошинҳо майли афзоиш дошту коҳиш не ва инак чанд акси манзараи “беҳаракатӣ”, ки хабарнигори “Озодагон” дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |