То имрӯз 1951 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷ таҳсил мекарданд, ба ватан баргаштаанд.
Ин нуктаро Абдураҳим Холиқов, раиси кумитаи дин изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ аз ин теъдод 129 нафарашон аллакай дар ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. «68 нафар дар макотиби миёна, 8 кас дар мадрасаҳои мутавассита ва 53 тани дигар дар муассисаҳои олӣ мехонанд»,-афзуд Холиқов. Раиси кумитаи дин ҳамчунин гуфт, аксари донишҷўёни тоҷик, ки дар хориҷа таҳсил мекунанд, соҳиби ҳуҷҷати расмии муассисаи таҳсилмекардаашон нестанд, ки боиси нигаронист. {jathumbnail off}
Мӯҳр