Нахустин паради ҳарбӣ дар Қазоқистон
Дар Қазоқистон барои бори нахуст дар таърихи ин кишвару қувваҳои мусаллаҳи он бахшида ба Иди ғалаба, паради ҳарбӣ баргузор гардид.
Ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, имрӯз, 7-уми май, дар пойгоҳи низомии “Отар”-и Қазоқистон нахустин бор дар таърихи ин кишвар ва қувваҳои мусаллаҳи он гузашти ҳарбӣ сурат гирифт.
Ин гузашти ҳарбӣ бо ҳузури Нурсултан Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар ва вазири дифои Қазоқистон баргузор шуда, дар он беш аз 7 ҳазор афсару аскари нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ширкат кардаанд. Инчунин зиёда аз 400 адад техникаҳои махсусси ҳарбӣ, тиббӣ, техникаҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахш, 80 адад ҳавопаймо ва чархболҳои ЕС-145-и истеҳсоли Қазоқистон ва намунаҳои бархе аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба намоиш гузошта шуданд. Теъдоди тамошобинон дар ин парад беш аз 5 ҳазор арзёбӣ мешавад.
Дар охир Нурсултан Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон аз баргузории ин гузашти ҳарбӣ иброзӣ қаноатмандӣ намуда, гуфт, ҳамасола аз сӯйи қувваҳои мусаллаҳи кишвараш беш аз 250 чорабинӣ оид ба омодагии ҳарбӣ гузаронида мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, имсол рӯзи 9-уми май, яъне Рӯзи ғалаба бе паради ҳарбӣ таҷлил гардида, танҳо маросими гулгузорӣ дар боғи “Ғалаба”-и пойтахт бо ҳузури ҳайатҳои роҳбариву фармондиҳии кишвар, намояндагони парлумон ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |