07 май 2013 14:14---
Бонки миллӣ аз Вашингтон хост, далелҳо алайҳи «Kont Bank»-ро пешниҳод кунад
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, барои чораандешӣ дар мавриди «Kont Investment Bank» дар Душанбе ҷавоби расмии Вашингтонро интизоранд.
Тавре Абдуғаффор Қурбонов, сардори Хадамоти матбуотии Бонки милии Тоҷикистон, ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, ҷониби Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба Раёсати назорат ба сармояҳои хориҷӣ дар назди Вазорати молияи Амрико (Вашинтон), хоҳиш намудааст, ки оиди таҳримҳо ва далелҳо алайҳи “ Kont Investment Bank” марказаш дар Душанбе, шарҳи пурратареро пешниҳод кунад.
Қурбонов афзуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон танҳо баъди дастрас кардани ҷавоби расмӣ мавқеяшро нисбат ба қазияи “Kont Investment Bank” муайян намуда, чораандешӣ хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи якуми май ба Вазорати молияи кишвараш дастур додааст, ки сармояҳои «Kont Investment Bank» мақараш дар Душанбе ва ширкатҳои дигаре, ки метавонанд ба густариши силоҳи қатли ом рабт дошта бошанд, аз гардиш боздошта шавад.
Аммо Файзулло Солеҳов, раҳбари намояндагии «Kont Investment Bank» дар Тоҷикистон зимни суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” рабт додани маблағҳои «Kont Investment Bank»-ро ба густариши силоҳи ҳастаӣ дур аз мантиқ унвон карда, таъкид намуд, ки “ин бонк дар Тоҷикистон бо мақсади густариши низоми молияи кишвар таъсис ёфтааст ва ин ягона самти фаъолияти ин бонк аст.”
Файзулло Солеҳов, афзуд, ки “ин таҳримҳо ба он далел сурат гирифтаанд, ки гӯиё муассиси «Kont Investment Bank», шаҳрванди Эрон, Муртазо Бобаки Занҷонӣ аст. Аммо Муртазо Бобаки Занҷонӣ собиқ муасиси «Kont Investment Bank» аст ва 22-юми январ иваз шуда буд. Аз 22 январи соли равон ин ҷониб муассиси “Kont Investment bank” Мерве Ирмак, шаҳрванди Туркия, мебошад.”
Бо вуҷуд Вазорати молияи Амрико нисбати Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ карда, ӯро дар “пулшӯӣ”, яъне қонунӣ гардондани маблағҳое, ки аз фурӯши нафти Эрон ба даст меоянд, муттаҳам кардааст. Дар рӯйхати ширкатҳои Занҷонӣ, ки мавриди таҳрими Амрико қарор гирифтааст, аз ҷумла “Kont Investment Bank”, қароргоҳаш дар Душанбе зикр шудааст. Гуфта мешавад, ин бонк сад дарсади саҳмияҳои «Asian Express Airline»-ро дар ихтиёр дорад, ки соҳиби автовокзали нави Душанбест.
Аммо раҳбари намояндагии «Kont Investment Bank» дар Тоҷикистон бо такя ба қонунгузории кишвар мегӯяд, бонк ба ғайр аз фаъолияти молиявӣ ҳаққи кор дар бахшҳои дигарро надорад ва соҳиби “Осиё Экспресс” будани ин бонкро рад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |