Бахшҳо

Тасмими ниҳоии Раҷаби Мирзо: Ба ҳеч куҷо шикоят намебарам!

Раҷаби Мирзо, раиси Маркази тадқиқоти сотсиологии “Бозтоб” ва мудаии нокоми курсии парлумонӣ, мегӯяд, дар робита ба баргузорӣ ва натиҷагирии интихоботи миёндаврӣ дар ноҳияи Восеъ тасмими ниҳоияш ин аст, ки ба ҳеч ниҳоде шикоят намебарад.

Раҷаби Мирзо, ки рӯзи ҳафтуми май дар ҳузури хабарнигорон дар толори меҳмонхонаи “Asia Grand Hotel” дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, бовар дорад, ягон ниҳоде арзу шикоятҳои ӯро боадолатона баррасӣ нахоҳад кард.

Ӯ афзуд, барои он вориди сабқат барои курсӣ дар парлумон шуд, ки мехост баъзе стеоротип ё қолабҳоро шиканад, чун бисёриҳо ӯро ҳамчун бозичаи сиёсии ҳукуматгаро арзёбӣ карда буданд. Раҷаби Мирзо илова намуд, танҳо як муроҷиатнома ба унвонии Зайниддин Сафаров, ғолиби интихоботи миёндаврӣ дар ноҳияи Восеъ, дорад, ки онро дар рӯзи ба курсии вакилӣ нишастани Сафаров нашр хоҳад кард.

Дар мавриди нақшаҳои минбаъда Раҷаби Мирзо афзуд, ният дорад, бо низоми шахшудаи ҳукуматҳои маҳаллӣ мубориза барад, чун зимни маъракаи тарғиботӣ шоҳиди он шудааст, ки мардуми навоҳӣ аз фаъолияти ҳукуматҳо дар маҳалҳо норозиянд.

Бояд гуфт, рӯзи 5-уми май дар ҳавзаи 39-и ноҳияи Восеъ интихоботи миёндаврӣ баргузор гардид, ки дар он се нафар барои дарёфти як курсӣ дар парлумон рақобат карданд. Дар натиҷа, ба гуфтаи масъулони Кумисюни маркзаии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Зайниддин Сафаров -- намояндаи Ҳизби аграрӣ пирӯз омад.

Барои курсии холимондаи Рустам Латипов дар Маҷлиси Намояндагон Ибодулло Неъматов аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва Раҷаби Мирзо аз роҳи худпешбарӣ низ рақобат доштанд, ки мағлуб гардиданд.
Мӯҳр
Ба хеч кучо шикоят набар. Даъво хам накун. Эътироз низ.... Вокеъан, чаро ба интихобот рафти? Ман хайрон? Ё зери коса "НИМКОСА" хаст?

ай журналист бачаи саргардони точик
мачлис мерасад дар парлумон курсии ту холист

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)