Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бештар аз 400 ҳолати тақалуби аттестатро ошкор кардааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотии вазорати маориф хабар дода шуд. Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маориф дар робита гуфт, вазорат қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он хонандаҳое, ки атестати қалбакӣ гирифтаанд, дубора дар синфи 11 таҳсил мекунанд.
Номбурда гуфт, дарсҳо барои чунин афрод аз 10-уми июн оғоз шудааст. Омӯзиши такрории хонандаҳо феълан дар мактабҳои таҳсилити умумии №1 ва №15-и шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Ба қавли Фарҳод Раҳимов рӯзҳои наздик ин хонандаҳо мувофиқи талаботи ягонаи стандарти давлатӣ имтиҳон месупоранд. «Дар сурати мувафақ шудан, соҳиби аттестат мешаванд ва имкони ба муасисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуҷат супурданро пайдо мекунанд",-гуфт номбурда. {jathumbnail off}
Мӯҳр