39- нафар аз имомхатибони масоҷид аз имтиҳон ё худ аттестатсия нагузаштанд.
Дар ин бора Абдураҳим Холиқов, райиси кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт. Номбурда афзуд, аз 327 сархатибу имомхатибони масҷид, 39 нафар комёб нагардиданд. Холиқов гуфт, ба нафарони аз ин аттестатсия нагузашта барои идома додани фаъолияти корӣ ва бартараф кардани камбудиҳо аз 3 моҳ то 1 сол мўҳлат муқаррар карда шуд. Гуфтанист, миёни имомхатибони масҷидҳои панҷвақта низ аттестатсия гузаронида шуд.
Зимнан, иттилоъ дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ аз 3 ҳазору 347 масҷиди панҷвақта имомони 2902 масҷид ба раванди мувофиқа фаро гирифта шудаанд, ки аз ин миқдор 2 ҳазору 835 нафар имомон муваффақ гардида, 67 нафарашон ноком гаштанд. 373 нафари дигар бошад, бо сабабҳои гуногун дар имтиҳон ширкат накарданд. Гузашта аз ин аттестатсияи 72 нафар имомони масҷидҳои панҷвақтаи шаҳри Душанбе ва Роғун гузаронида нашуд, афзуд Абдраҳим Холиқов.{jathumbnail off}
Мӯҳр