Бахшҳо

Диски базми наврӯзиро маҷбурӣ ба донишҷӯён мефурӯшанд?

Субҳи 7-уми май бархе аз донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо “Озодагон” тамос гирифта, аз он изҳори ташвиш карданд, ки масъулони донишгоҳ фиттаи навори ҷашни наврӯзии 2013-и донишгоҳро ба таври иҷборӣ дар бадали 4 сомонӣ ба онҳо мефурӯшанд. Онҳо мегӯянд, ҳамчунин муаллимон муваззаф шудаанд, ки аз ин дискҳо харидорӣ намоянд.

Ин гуруҳи донишҷӯён, ки ифшои ному насабашонро ба далели халал ворид нашудан дар таҳсилашон зарур надонистанд, гуфтанд, бо вуҷуди он ки ин диск барояшон мақбул аст, ё не, бояд харидорӣ кунанд. Чаро ки ба гуфтаи онҳо саркашиашон метавонад барои гирифтани санҷишу имтиҳонҳояшон дардисар эҷод кунад.

Ин дар ҳолест, ки маъмурияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таври иҷборӣ фурухтани диски ҷашни наврӯзии донишгоҳро барои донишҷӯён беасос донист. Ҷамила Раҳмонова, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, шоеаҳо дар мавриди ба таври иҷборӣ фурӯхтани фитаҳои навори ҷашни наврӯзии 2013-и донишгоҳ ба донишҷӯён “дурӯғанд”.

Ба гуфтаи Раҳмонова, масъулони донишгоҳ ҳақ надоранд, кадом як ҷашни донишгоҳро дар диск сабт намуда, ба таври иҷборӣ ба донишҷӯён фурӯшанд. «Вале агар донишҷӯе бо хоҳиши худ аз бахши телевизиони донишгоҳ дархост намояд, ки ба ӯ навори ҷашни наврӯзиро дар фита сабт намуда, диҳанд, гапи дигар аст»,-гуфт ӯ.

Диски базми наврӯзиро маҷбурӣ ба донишҷӯён мефурӯшанд?
Мӯҳр
Замдекан аз ДМТ
Мухтарама Раҳмонова чи дар кор гапи дуруг 200 нусхаги дискхоеки ба хар як чонишини декан додагиятонро фаромуш кардед! аслан хамаи ин корхо ба чонамон задаст. Билети тиатр, билети консерт. хамакнун консерти ансамбли Наврузи донишгох низ бо пул шудааст. инсоф дар кучост? Чаро гапи дуруг мегуед? Донишгохро шуъбаи тарбия ба касаи коххои фарханги таюдил додааст. Устод Имомов агар ин маколаро хондед, чора бинед.

хайфи ватани азизамон ки то кадом дарача бесохиби шусодай ва хфйфи донишчуёни мухтарам

Абдуллох
Имардм базур коршона мекнан неки болошон шикоят кардан бешармона меган ки мо ин корро накардаем ай дастон хар кор меоя другуе

Шармовараст дар ин бора шахсан ба чонишини декан чунин сухан мегуяд. як бор фикр кунед ки охир шумо чонишинхои декан нисбати донишчуйён чи мекунед? ичозат ба имтихонхо (допуск) МЕДИХЕД БО РОХИ ПУЛАКИ охир мухтарама Рахмонова Ч. ё ин ки мухтарам Имомов М. аз кори шумо хабардор нестанд ку? ин хам хамин масъала онхо навор кардаанд корашонро ба фуруш мондаанд. Айби рохбарият дар чист? донишчуйёни мухтарам агар шумо нахохед хечкас шуморо мачбур карда наметавонад, ки дискхое ки шумо мегуед ки дар фурушан нахаред чои он китоб харед ё ин ки як руза хуроки нисфирузиятон мешавад. ё хубтараш он маблагро монед барои допуск ба назди чонишини деканатон меравед. ХАМТУ НЕ МУХТАРАМ ЧОНИШИ ДЕКАН

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)