КМИР бовар дорад, интихоботи президентӣ озод мегузарад
Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, мегӯяд, онҳо аз имтиҳони ҷиддии сиёсие, ки дар пеш доранд, ба хубӣ хоҳанд гузашт. Манзури оқои Шоҳиён интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон буд, ки қарор аст, моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор гардад.
Раҳбари КМИР бо зикри ин нукта афзуд, масъулияти ба таври шаффоф ва озод баргузор гардидани интихоботи президентиро дар баробари ин ниҳод ҳамчунин ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар мақомоти дахлдор бар ӯҳда доранд.
Дар робита ба ваъдаи президент оид ба таври шаффоф ва демократӣ баргузор гардидани интихобот, Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, “баъд аз шаш моҳ мо маъракаи хеле муҳими сиёсӣ дорем. Ин чорабинии ҷиддӣ аст. Он нуктаи дар паём зикр шуда, вазифагузорӣ назди мо буд, то раванди интихобот дар асл мутобиқ бо меъёрҳои асноди байналмилалӣ ва қонунгузории кишвар бошад.”
Шермуҳаммади Шоҳиён илова кард, барои баргузории интихоботи президентӣ онҳо фазоеро фароҳам хоҳанд овард, ки тибқи он хоҳишмандон ба унвони номзад ба курсии президентӣ ва дигар шаҳрвандон ҳамчун интихобкунанда озодона ширкат хоҳанд дошт. То ҳоло танҳо Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон эълом карда, ки бо номзади худ дар ин интихобот ширкат меҷӯяд ва он ҳам раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон аст. Аҳзоби дигар ба чӣ шакл иштирок карданашон дар ин интихоботро ба дӯши анҷуманашон гузоштаанд, ки ҳамагӣ се моҳ қабл аз замони интихобот баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |