Масъулини кумитаи андоз дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рейди вижа доир карданд.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ин ниҳод иттилоъ доданд, аснои баргузории санҷиш дар кӯчаи Назаршоев -7 муайян карда шуд, ки қарзи андози молу мулки ғайриманқул бо қарори суд муайян гардида, дар муддати се сол аз соҳибкор Раҳмулло Алимардонов ба 16 ҳазору 655 сомонӣ баробар гардид. Аз ин маболиғ, баъди иҷрои қарори суд танҳо 5 ҳазору 500 сомонӣ ба буҷет ворид карда шудасту бас.
Абдумансур Ҷамолов, ки се сол боз дар кӯчаи Зебунисо ба соҳибкорӣ машғул аст, андози молу мулки ғайриманқули худро пардохт накардааст. Бо қарори суди ноҳияи Шоҳмансур 70 ҳазор сомонӣ қарздор ҳисобида шуда, номбурда то имрӯз ба буҷа ягон дирам ворид накардааст. Гуфта мешавад, тартиби рӯёнидани қарзи андози молу мулки ғайриманқул дар қиболи ин соҳибкор, бо роҳи ҳабси амвол татбиқ карда мешавад. {jathumbnail off}
Мӯҳр