Низомиёни Фаронса Душанберо тарк мекунанд
Вазорати дифои Фаронса ба берун бурдани низомиёну техникаи худ аз шаҳри Душанбе оғоз кардааст.
Тавре дар сомонаи ин ниҳод омадааст, дар пасманзари берун шудани нерӯҳои НАТО аз қаламрави Афғонистон, низомиёни Фаронса низ Душанберо тарк мекунанд. Ин раванд, аллакай 15-уми апрел оғоз гардида, дар назар аст моҳи июли соли ҷорӣ ба анҷом расад.
Дар изҳороти Вазорати дифои Фаронса омадааст, дар Душанбе танҳо як гуруҳ, ки ба таъмиру таҷдиди хатти парвозу нишасти фурудгоҳи Душанбе машғуланд, то соли оянда боқӣ хоҳад монд.
Вазорати дифои Фаронса хотиррасон мекунад, низомиёни ин кишвар дар Душанбе моҳи декабри соли 2001 ҷойгузин гардида, асосан ба таъминоти сарбозон дар Афғонистон ва интиқоли бору мусофирон машғул буданд. Ба иттилои Вазорати дифоъ, гуруҳи низомиёни фаронсавӣ таи 12 соли ҳузур дар пойтахти Тоҷикистон 89 ҳазор мусофир ва 14 ҳазору 500 тонна борро ба хоки Афғонистон интиқол додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |